ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ!

Давоми чанд рӯз дар шаҳри Варшава нишасти САҲА оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон байни намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз як тараф, ва аз тарафи дигар, намояндагони диаспораҳои тоҷикӣ дар хориҷ, намояндагони Паймони миллӣ, Гуруҳи 24 ва дигарон баргузор гардид.

Аз воситаҳои ахбори омма ва видеороликҳои интернетӣ аз ин нишасти САҲА бархурдор гардида, хостам баъзе фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба таърихи начандон тӯлонии соҳибистиқлолии Тоҷикистон, давлату давлатдории тоҷикон, озодиҳои сиёсиву дастовардҳои демократӣ ва таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баён намоям.

Ба ҳамагон маълум аст, ки 9-уми сентябри соли 1991 мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби давлати соҳибихтиёр гардиданд.  Яке аз омилҳои соҳибистиқлолӣ, ин дар амал татбиқ гардидани озодиҳои сиёсӣ, демократикунонии ҷомеъа ба шумор мерафт.

Мусаллам аст, ки дар раванди демократикунонии ҷомеа бисёр қувваҳои сиёсӣ ба арсаи сиёсат қадам ниҳода, ба фаъолият пардохтанд. Аз ҷумла, ба фаъолият оғоз намудани ба ном “қувваҳои демократӣ” дар охири солҳои 80-ум – аввали солҳои 90-уми асри гузашта, натиҷаи гуфтаҳои боло аст. Бояд қайд намуд, ки ба қувваҳои ба ном “демократӣ” Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳаракатҳои мардумии “Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” ва дигарон дохил мешуданд. Имрӯза намояндагони Паймони миллӣ, Гуруҳи 24, намояндагони анҷумани муҳоҷири тоҷик дар Аврупо ворисон ва давомдиҳандагони дар амал татбиқ намудани мақсаду мароми Ҳизби наҳзати исломи солҳои 90-ум мебошанд.

Вақте мавзӯъҳои баррасишавандаи нишасти САҲА дар Варшаваро мутолиа кардам бевосита воқеъа ва ҳодисаҳои солҳои 90-ум ва давраи минбаъдаи фаъолият ва амалҳои намояндагони қувваҳои ба ном “демократӣ”, алалхусус, Ҳизби наҳзати ислом пеши назарам омад.

Онҳо бори аввал симои ботинии худро моҳи феврали соли 1990 нишон дода буданд. Роҳбарони ин ҳизб, ки он вақт пинҳонӣ фаъолият доштанд, симои зоҳирии худро вонамуд накарда, бо дасту қувваи “демократҳо” ва ҳаракати “Растохез”-у “Лаъли Бадахшон” оромии ҷомеаи тоҷиконро халалдор намуда, боиси шикасту рехт ва қурбоншавии одамон гардида буданд.

Онҳо ҳамон вақт ҳамчун зархарид дастуру супоришҳои хочагони хориҷии худро иҷро карда, ғуломи ҳалқабаргӯш буданашонро исбот намуда буданд. Онҳо бо баҳонаи гурезаҳои арманӣ гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, яъне бе иҷозатномаи органҳои дахлдор, ташкил намуда, ҷавобан ба солгарди инқилоби исломии Эрон аз як тараф содиқ будани худро ба хоҷагонашон нишон диҳанд, аз тарафи дигар, бо дастгириву маблағгузории онҳо сохти сиёсии мавҷударо дигар карда, давлати исломиро ҳанӯз ҳамон вақт бунёд намоянд.

Дар ҳамон вақт, собиқ роҳбари идораи қозиёти Тоҷикистон ва минбаъд яке аз роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар вокунишҳои худ мақсади худ ва ҳаммаслаконашро баён намуда буд, ки мазмунаш чунин буд: “Бунёди давлати исломӣ вазифаи имрӯза набуда, вазифаи стратегии онҳо мебошад”.

Натиҷаи як рӯзи муборизаи онҳо (яъне 12 феврали соли 1990) чунин буданд: 24 мағоза, 22 муассисаҳои хизмати маишӣ, 6 бинои маъмурӣ ба яғмо бурда шуда, ба 2 кинотеатр, Бонки амонатгузор, бинои гуфтугӯи телефонӣ зарари моддӣ расонида шуд. Якчанд автобус ва троллейбусҳо, 2 автомашинаи боркаш, 3 автомашинаи хизматии милитсия, 7 автомашинаи “Ёрии таъҷилӣ” сӯзонида шуда, 6 нафар ҳалок гардиданд ва 70 нафар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ин факту рақамҳо танҳо фаъолияти як рӯзаи аъзоёни ҳизби наҳзатиҳо дар пойтахти кишварамон мебошад.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чӣ қадар ҷилавгирӣ, шиканҷа ва қатли шахсони маъруфу шинохтаи тоҷикро онҳо содир карданд номаълум аст ва таърих онро муайян мекунад ва ба онҳо баҳо медиҳад.

Имрӯзҳо роҳбарони Паймони миллӣ, намояндагони диаспораҳои тоҷикӣ дар хориҷ, Гуруҳи 24 доир ба “Истиқлоли қувваи қазоия (додгоҳҳо), парлумон, ҳуқуқи баробар дар зиндагии сиёсӣ ва умумӣ”, “Ҷилавгирӣ аз шиканҷа, муҷозоти эъдом, ҳуқуқи инсон ва терроризм” ҳарф мезананд. Аммо онҳо мумкин фаромӯш намудаанд, ки “падарони маънавӣ”-и онҳо дар соли 1991 чӣ қадар ба Парлумони онвақтаи Тоҷикистон барои соҳиб гаштан ба мақсадҳои нопоки худ таъзиқу фишор меоварданд.

Бояд ба хотир овард, ки онҳо он вақт парлумонро барои таъсис додан ва аз қайди давлатӣ гузаронидани ҳизбашон дар зери фишору таҳдид маҷбур сохта буданд, ки қарорҳои қабулкардаашро дигар намояд ва ба манфиати исломиҳо қарори нав қабул намояд.

Дар ҳар як давлати демократӣ ташкили ҳокимияти сиёсӣ тариқи интихобот сурат мегирад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ин раванд ҳанӯз аз соли 1991 сар карда, то имрӯз амалӣ мегардад.

Ба гузаштаи начандон дур назар афканем, баъди нокомии мухолифин дар интихоботи президентӣ, ки 24 ноябри 1991 баргузор гардида буд, бо гуфтаҳои тасдиқкунандаи худашон 27 ҳазор ҷангиҳои яроқнок дар ихтиёрашон буд. Ин маънои онро дорад, ки Ҳизби наҳзати ислом мақсад дошт, ки ҳокимиятро на бо роҳи демократӣ, интихоботи умумихалқӣ, балки бо ёрии зӯроварӣ ва силоҳ ба даст оварад.

Ба гарав гирифтани одамон, ходимони давлатию сиёсӣ, олимон ва хизматчиёни мақомотҳои қудратӣ аз тарафи аъзоёни ҳизби исломӣ ба кадом чаҳорчӯбаи қонун ва демократия рост меояд? Чавоб ба ин савол маълум аст. Ба ягон ҷаҳорчӯба.

Шиканҷа ва қатли шаҳрвандон дар ҳамонвақта идораи Қозиёти Тоҷикистон ва дигар масоҷидҳову ҷойҳои муқаддаси исломӣ ба кадом чаҳорчӯбаи қонун ва демократия рост меояд? Ба ҳеҷ.

Нисбати поймолгардии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. Кӣ ба поймол гардидани ҳуқуқ ба зиндагиву манзилро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ рӯ ба рӯ гардида буданду, шумораи онҳо 1миллион нафар мебошад, ҷавоб мегӯяд?

Роҳбарони мухолифини тоҷик ва ҳизби исломӣ дар миёнаи солҳои 90-ум камбудиву хатогиҳои худро дарк намуда, ба сулҳу салоҳ омада буданд, аммо ворисони имрӯзаи онҳо ин саҳифаҳои таърихи начандон тӯлонии худро ҳанӯз ҳам дарк накардаанд.

Бояд дарк намуд, ки танҳо дар шароити тинҷиву оромӣ танҳо худамон метавонем хонаи худ, ватани худро бунёд ва обод намоем. Ягон шахсияти хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ва қувваи сиёсии хориҷӣ хонаи мо, ватани моро обод наменамояд. Онҳо танҳо манфиатҳои шахсӣ ва дар баъзе ҳолатҳо манфиатҳои ғаразноки худро рӯи об карданӣ ҳастанду халос.

Аз ин навиштаҳо мақсад он аст, ки Тоҷикистон хонаи ҳамаи тоҷикистониҳо аст ва танҳо дар ваҳдат, сулҳу оромӣ ва тинҷию амонӣ ин ватани қадимаи мо рушду ташаккул ёфта, шаҳрвандони он соҳиби зиндагии хуб мегарданд.

                                                       И. Абдуллоев, дотсенти кафедраи

                                                      фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ