ЗУҲУРОТИ ДАҲШАТБОРИ ҶОМЕА

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои  Сарвари давлат аз  ҳар гуна ҳодисаҳои даҳшатбор, ки бо рехтани хуни инсонӣ анҷом меёбад, сахт мутаассир шуда,  борҳо  хотирнишон  сохтаанд, ки бунёдгаройӣ, тундгаройӣ ва ифротгаройии динӣ на танҳо хатари миллию минтақавӣ, балки хатари фаромиллӣ ва глобалист ва муборизаи муташаккилона бо ин «вабои аср» қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии мардуми солимақли сайёра маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик таъми заҳрогини ҳаводиси солҳои навадуми садаи бистро хуб чашида, анвои гуногуни ифротгаройӣ ва тундравии динию мазҳабиро бо чашми сар дидааст. Ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад,  ки дар замони љаҳонишавӣ  башарият  бо душмани умумие рӯ ба рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии шоиста ва босаодати инсонист. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин «вабои аср» бояд ҳамаи моро муттаҳид созад. Муаллифи ин сатрҳо дар  Форуми Осиёи Марказии Занон-Мусулмононзидди зўроварии экстремизм ва радикализм дар доираи Лоиҳаи  «Паст намудани  сатҳи зўроварии эксремизми динӣ ва устувории сулх дар Осиёи Марказӣ»  аз 20-21 августи соли 2015 дар  Бишкек  бо дастгирии Сафоратхонаи Бритониёи кабир дар Бишкек, Мутакаллим,        …… ва  ғайра баргузор гардида буд, ширкат варзидаам.   Аз Форум  ниятҳои нек, усулҳои гуногуни пурра нест кардани экстремизм ва терроризм нигаронӣ ба амал оварда шуд. Яке аз ин усулҳои беҳтарин  пасткардани сатҳи зўроварии эксремизми динӣ  ва доруи ин «вабои аср» модарону  занон ва дуюм аҳли зиё ва омўзгорон ҳастанд.    Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар бенизомӣ, беадолатӣ ва суйитафоҳум решадор мегардад. Гурӯҳҳои махсусе таҳти пӯшиши хадамоти таҷассусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Кунун дар макотиби олӣ фанни диншиносӣ ворид карда шудааст, ки  мақсади асосӣ ва ниҳоии он бедор ва огоҳ кардани љавонон аз ҳодисаи номатлуб маҳсуб мешавад ва зиёиёни дохилӣ бояд ин амали некро анҷом диҳанд. Ба умеди дигарон набояд шуд. Дигарон ҳеҷ гоҳ дар фикри муҳитсозӣ нестанд, баръакс, онҳо бар он манфиат доранд, ки муҳитҳои фарҳангӣ ва тафоҳуми миллию мардумӣ вуҷуд надошта бошад, то роҳандозии тарҳҳои гуногуни сиёсӣ  ба мушкил  мувоҷеҳ нагарданд. Одатан, ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки тозаю покиза аст,  хурофот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон, шефтаю мутамоили ақоиди бебунёд мешаванд. Аксари  мусулмонони дунё аз назари огоҳӣ ва иттилоъ, маърифат ва биниш ақибмонда буда, донишу биниши онҳо бештар рӯйи эҳсосу тасаввурот қарор дорад ва бар мабнои он дар сурати интишор гардидани  маводи интиқодӣ ҳассосият ва вокуниши шадид нишон медиҳанд. Қобили тазаккур аст, ки тамоми  динҳо покизагӣ, ростгўӣ амали некро тарғиб дошта, дар асоси се зинаи тафаккури ахлоқӣ  пиндори нек, гуфтори нек,рафтори нек устувор гаштааст.  Лекин  ифротгарон  фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъан иҷро карда, ба биҳишти ваъдагӣ мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон,  мутаассибон ва эҳсосоти мардуми хурофотӣ аз мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад. Дар чунин вазъият масъулияи азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати љавони миллӣ, истиқлолияти он, ки чун ниҳоли навбар аст ва љомеаи худро, ки маромаш  зиндагии шоиса ва босаодат аст аз чунин паёмади манфӣ эмин нигоҳ дорем.

      Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Баъд аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва экстримизм равона гардидааст.

 

Яке аз талаботҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ мебошад.

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

– амали экстремистӣ-фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои  зерин равона карда шудаанд:   а) ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;

г) ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

д) амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

е)ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зўроварӣ ё даъват ба зўроварӣ алоқаманд аст;         ж) паст задани шаъни миллӣ;

з) ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурўҳи иҷтимоӣ;

и) ташвиқоти ягона будан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бо хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо;

к) даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои  амалҳои номбаршуда;

л) маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кўмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факсӣ, хизматрасонии иттилоотӣ, дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият.

– маводҳои экстремистӣ – ин интишори иттилоот ё ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ даъват карда мешаванд ё ногузирии ин фаъолиятро асоснок менамоянд, нашрияҳо, ки ногузирии бартарии миллӣ ё нажодиро талқин менамоянд ё таҷрибаи ҷиноятҳои ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳоро, ки ба несту нобудкунии пурра ё қисмии ягон намуд гурўҳи этникӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ равона карда шудааст, асоснок мегардонад.Мубориза бар зидди экстремизм бо самтҳои  зерин амалӣ мегардад:-                                                                          андешидани чораҳои пешакӣ барои пешгирии фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкоркунӣ ва бартараф намудани шарту сабабҳое, ки  барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ мусоидат мекунанд;

– ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии фаъолияти экстремистии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

Мубориза бар зидди экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад. Вай вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи  мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад.

                                                   Атоева Кибриё

                                                   дотсенти кафедраи  фанҳои гуманитарӣ-                                                                  иҷтимоӣ