Пешниҳоди ҷойҳои корӣ аз ҶСП “ТАЛКО ГОЛД”

Дархости навбатии ирсоли мутахассисон ба ҷойҳои корӣ №TG(2023)-183 аз 27.04.2023 аз ҶСП “ТАЛКО ГОЛД” ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ворид гардид.
Роҳбарияти корхона бо дархости 62 ҷойи кории нав барои тахассусҳои пармагари геологӣ, нақбкан, тозакунии маъдан, гидролог, мошинҳои кӯҳӣ ва эколог бо роҳбарияти ДКМТ гуфтушунид анҷом дод.
Қарор қабул карда шуд, ки беҳтарин хатмкунандагон барои фаъолият ба ин корхона фиристода хоҳанд шуд.