Омӯзиши барномаи MICROMINE бо ширкати омӯзгорони хориҷӣ

Дар асоси шартноми ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати  PTY LTD Micromine, ки он яке аз ширкатҳои маъруфи лоиҳасозӣ дар самти баҳисобгирӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок ба шумор меравад, мушовир оид ба масоили кӯҳкории ширкат Урыспаева Шолпан аз Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварда барои як гурӯҳ устодони соҳа бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ дар давоми як ҳафта дарс гуфт, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори раёсати таълим Осими Оқил иттилоъ дод. Бояд зикр намуд, ки ДКМТ ягона муассисаи олии таълимӣ дар ҷумҳурӣ аст, ки омӯзиши асосҳои барномаи Micromine- ро ба барномаи таълимии донишҷӯён ҷорӣ намудааст. Бояд зикр намуд, ки аз КФ “Экпедитсияи комплексии геологии Қайроққум” низ се нафар ба ин курс ҷалб гардиданд. Дар асри 21, ки асри тараққиёт ва рушди технологияи иттилоотист, донистани чунин барномаҳои муосир ба мутахассисони соҳа аз манфиат холӣ нест. Корхонаҳои саноати истихроҷи канданиҳои фоиданоки кишварро низ даъват менамоем, ки бо мақсади оқилона баҳисобгирии захираҳо ва коркарди конҳо аз ин гуна барномаҳо истифода намоянд.