НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАРҒИБИ ҒОЯ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ – баргузории ҳамоиши ҷавонони кишвар дар шаҳри Бӯстон

27 апрел дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонони кишвар баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ширкат намуданд.
Ҳамзамон дар кори ҳамоиш зиёда аз 100 нафар ҷавонон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷавонони касбу кори гуногун аз шаҳри Бӯстон, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз ёфт. Роҳбари шаҳр вобаста ба дастгирии давлатии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ба онҳо ибрози назар кард.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода оид ба нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, аз ҷавонон ҷиҳати аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даъват ба амал овард.
Дар идома бо хушнудӣ ва сарфарозӣ аз имкониятҳои фароҳамшуда ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва сарбозони шуҷоъ изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Дар фарҷом ба як қатор ҷавонони фаъол ва иштирокдорон сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон