Ташрифи меҳмонони олиқадр дар донишкада аз маркази ҷумҳурӣ

Дирӯз, меҳмонони олиқадрро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  ба ҳузур пазируфта бо эшон мулоқот намуд. Меҳмонон ва  муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Алиизода Алишер Ҳикматулло  дар пайи сафари муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ба шаҳри Бӯстон ба донишкада омада, аз Парки технологӣ ва Академияи CDIO дидан намуданд. Ҳамчунин, аз рафти кори озмоишгоҳҳо дидан намуда, бо кори он дар озмоишгоҳи металлургия шинос шуданд.

Сипас, меҳмононро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ гусел намуд.