Тарғибу ташвиқи донишкада дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Тавре, ки аз раёсати таълим ба мо иттилоъ доданд, тайи ду ҳафта аз ҷониби омӯзгорони донишкада зери роҳбарии декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули дар ин ҷумҳурии ҳамсоя корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуд.

Самадова Г.М. дар тамоми шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ихтисосҳои донишкадаро тарғиб намуда, боз бо чандин донишкадаҳои ҳамкор низ ҷиҳати ҳамкорӣ дар оянда гуфтушунид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо ба ихтисосҳои донишкада аз ҷониби довталабони кишварҳои хориҷӣ мароқи зиёд зоҳир мешавад ва ин аз як ҷиҳат барои пешрафти кор хеле хуб мебошад.

Шуъбаи иттилоот