Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Раҳимова Шаҳноза донишҷӯёни Донишкадаи илмҳои геологии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки ба Донишкада барои табодули академӣ омада буданд, ба ҳузур пазируфта, аз шарту шароити муассиса, имкониятҳои беҳтарини таҳсил, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва ҳамзамон марказҳову маҳфилҳо ба меҳмонон маълумот манзур намуд.
Тибқи шартномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи илмҳои геологии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон табодули академии донишҷӯён ҳамасола ба роҳ монда шуда, ҳамзамон омӯзгорону кормандон низ метавонанд, бар асоси ин шартнома табодули таҷриба намоянд.
Феълан, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 69 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки ҳамасола тибқи қарордоди тарафайн табодули таҷриба, ҳамкориҳои илмӣ сурат мегирад.
Шуъбаи иттилоот
