РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ТАҶАССУМГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аҳаммияти он ба раванди ташаккул ва таҳкими низоми давлатдории мустақили кишвар алоқаманд мебошад, ки ин сана барои дарки арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва масъулияти роҳбарӣ дар рушди ҷомеа аҳамияти махсус дорад.

Пас аз эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави ташаккули сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ворид шуда, дар ин давра ҳалли масъалаҳои марбут ба бунёди ниҳодҳои давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва муайян намудани афзалиятҳои стратегии рушди миллӣ ба яке аз вазифаҳои муҳимми давлат табдил ёфтанд.

Дар чунин шароити таърихӣ, 16-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои ваколатҳои конститутсионии худ шуруъ намуданд. Минбаъд, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», санаи мазкур ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф гардид.

Тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ ҳамчун шартҳои муҳимми таъмини рушди устувори иқтисодиёт арзёбӣ мегарданд, ки таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, зеро барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ барои эҳёи фаъолияти сохторҳои иқтисодӣ, густариши иқтидори истеҳсолӣ ва ташаккули фазои мусоид ҷиҳати рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

 Устувории вазъи сиёсӣ барои таҳияи дурнамои дарозмуддати иқтисодӣ, амалӣ намудани барномаҳои рушди давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ заминаи зарурӣ фароҳам меорад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳалли масъалаҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шудааст. Махсусан, рушди саноат ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аҳаммияти калон дорад.

Дар шароити муосир рушди иқтисодиёт бе истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ имконнопазир мебошад, ки аз ин рӯ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори иқтисодӣ ва тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот бояд самтҳои муҳимми сиёсати минбаъдаи иқтисодӣ бошанд.

Рушди устувори кишварро наметавон танҳо аз рӯйи афзоиши ҳаҷми истеҳсолот арзёбӣ намуд, зеро он ҳамзамон беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ташаккули неруи инсонӣ ва васеъ намудани имкониятҳои шуғли аҳолиро низ дар бар мегирад. Маҳз ин омилҳо самаранокии сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ва натиҷанокии идоракунии миллиро инъикос менамоянд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд расида, миллати шарафманди тоҷик ба саодати комил шарафёб гардид. Аз ин лиҳоз, эҳтироми миллат нисбати ин Абармарди арсаи сиёсат хеле зиёд буда, гувоҳ аз сипосгузорӣ ва миннатпазирӣ мебошад.

Раҳматов А.А.

омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Мӯҳсинов Б. Д.

донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон