Мулоқоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо волидайни донишҷӯ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ волидайни донишҷӯ Пиров Шоҳрух Тоҷиддиновичро ба ҳузур пазируфт. Волидайнро аз факултети корҳои кӯҳӣ Бадалов Ҷамолиддин ҳамроҳӣ намуд. Волидайн аз ҳолу аҳволи фарзанд ва макони донишандӯзии фарзанди хеш огоҳ гардида ба ректор ҷиҳати тарбияи хуб изҳори миннатдорӣ намуданд. Сипас, ректори донишкада профессор Б. Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки тамоми талошҳоямонро мекунем, то фарзанди мардум хубу аъло хонад ва дари банда барои волидайн ва донишҷӯён ҳамеша боз аст, марҳамат муроҷиат кунед, то он рӯзе, ки ҳастам бароятон кӯмак мекунам.

Шуъбаи иттилоот