Семинари илмӣ-амалӣ дар бораи мушкилоти фанни физика

Имрӯз,  дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён семинари илмӣ-амалӣ аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он нахуст мудири кафедра Сулеймонова Назокат суханронӣ намуда, чорабиниро ифтитоҳ намуданд ва сипас суханро ба омӯзгори кафедра дотсент Эгамов Мухтор доданд, то дар бораи масоили мавҷудаи баҳсӣ ва ҳамчунин роҳҳои нави илмӣ барои пажӯҳишҳо дар озмоишгоҳҳо сухан гӯянд.

Эгамов М. дар мавзӯи баҳсӣ суҳбат намуда, иброз доштанд, ки бе имдоди фанни физика имрӯз ҳалли бисёр муаммоҳоро ёфтан душвор аст ва физикаро ёвари иҷтимоӣ номидан дар ин аср, ки асри техникаву технология мебошад хато нахоҳад буд.

Ҳамчунин, дар семинари мазкур Раҷабова Ш. Суханронӣ намуданд. Дар интиҳои семинар баҳсу баррасиҳо бо ҳозиринва маърӯзачиён сурат гирифт, ки ин лаҳза чорабиниро боз ҳам ҷолибтар гардонид.

М. Сайидзода