Семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба рӯзи “Маърифати экологӣ” дар донишкада

Ба хотири рӯзи “Маърифати экологӣ” дар толори конфронсзали донишкада бо ташаббуси кафедраи экология ва ҳамчунин ниҳодҳои намояндагӣ аз СММ  ва созмонҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд семинар баргузор гардид, ки дар он профессорон ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Нахуст чорабиниро донишҷӯйи кафедра ифтитоҳ намуда, суханро ба меҳмонон дод, то дар мавриди мушкилоти экологӣ, маърифати экологӣ ва муаммоҳои мавҷуда суҳбат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин семинар профессор Розиқов Зафар ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” Зокирҷон Исҳоқӣ низ ширкат доштанд.