Семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 110-солагии Мирзо Турсунзода дар донишкада

Имрӯз, бо ташаббуси   мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 110-солагии шоири машҳури тоҷик М. Турсунзода таҳти унвони “Мирзо Турсунзода вассофи ишқи зиндагӣ” баргузор гардид.

Чорабиниро нахуст мудири кафедра Воҳидов Аҳрор ифтитоҳ намуда, суханро ба Маҳмудова Санавбар доданд. Маҳмудова С. дар бораи фаъолияти шоир ва кору пайкораш сухан гуфта, сипас аз ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва паҳлӯҳои зиндагии Мирзо Турсунзода қисса намуданд.

 Дар чорабинӣ донишҷӯён ҳамчунин аз осори шоир Мирзо Турсунзода суруду таронаҳо қироат намуда, хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Дар интиҳои семинари мазкур суолу ҷавобҳо байни омӯзгорону донишҷӯён вобаста ба ҷанбаҳои сулҳдӯстӣ ва озодихову истиқлолхоҳии осори Мирзо Турсунзода сурат гирифт, ки ин ҳолат чорабиниро боз ҳам беҳтар гардонид.

М. Сайидзода