Гулшинонӣ дар Донишкадаи Конфутсияи назди ДКМТ

Имрӯз, бо ташаббуси роҳбарияти донишкада ва директори Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастура дар атрофи бинои Донишкадаи Конфутсиё ва саҳни он гулҳои ороишӣ шинонида шуд, ки дар ин маъракаи гулшинонӣ омӯзгорону кормандони донишкада низ фаъолона ширкат варзиданд.
Омӯзгорон аввал макони гулшинониро кандатоза намуда, сипас гулҳоро шинониданд, ки ҳавлии бинои Донишкадаи Конфутсиёро, ки дар паҳлӯи факултети корҳои кӯҳӣ мебошад, боз ҳам зеботар гардонид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз корҳои ободониву созандагӣ дар донишкада ва сохторҳои тобеи он бомаром идома дорад ва қарор аст, ки рӯзҳои наздик 15-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҷлил карда шавад.
М. Сайидзода