РУЗИ ОМУЗГОР БОТАНТАНА ТАЧЛИЛ ГАРДИД

Ба шарафи Рузи омузгорон дар толори Донишкада махфили идонае баргузор гардид. Нахуст ректори Донишкада, дотсент М. Фозилзода ахли омузгоронро ба иди касбиашон шодбош гуфтанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому нақши омӯзгор дар ҷомеа сухан ронда  таъкид   менамоянд, ки  «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст».

Аз ин лиҳоз,обрӯй ва эътибори омӯзгор дар ҷомеъа мунтазам боло рафта, ҳамчун хазинаи тиллоии миллат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор гирифтааст. Тавассути сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатамон музди маоши омӯзгорон давра ба давра зиёд мегардад. Аз ҷумла, аз санаи 1-сентябри соли равон дар ҳаҷми 15 фоиз зиёд гардидани маоши омӯзгорон боз як ғамхории навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати зиёиён маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст,ки дар даврони Истиқлолият барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шуданд. Агар соли 2017 барои рӯшди соҳаи маориф 3 миллиарду 581 миллион сомонӣ сарф шуда бошад, соли 2018 ба ин соҳа 3 миллиарду 863 миллион сомонӣ ҷудо шудааст,ки нисбат ба соли гузашта 7,8 фоиз зиёд мебошад.  Зеро рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеъа вобаста мебошад.

Гулдастаи савту суруди дастаи хаваскорони донишкада махфилро хусни анчом бахшид.