МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАЛАЙЗИЯ. САЙЁҲОНИ ИН КИШВАР ТОҶИКИСТОНРО ВОҚЕАН ҲАМ САРЗАМИНИ БИҲИШТОСО ВА МЕҲМОННАВОЗ УНВОН КАРДАНД

ДУШАНБЕ, 06.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия 4-5 октябри соли 2018 нахустин Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид. Форуми мазкур дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар кори Форум роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия, як қатор ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Малайзия, Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Малайзия, сафирони муқими шаҳри Куала-Лумпур, намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи сайёҳии Малайзия, коршиносон ва воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

Форумро Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ ифтитоҳ намуда, оид ба муносибатҳои дипломатӣ ва дӯстиву ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия маълумот дод. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Малайзия муносибатҳои неки дӯстиву ҳамкорӣ дошта, он бемайлон рушд мекунад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба имкониятҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва саргузаштию шикор, обҳои шифобахш ва табобатӣ ба иштирокчиён маълумоти муфассал манзур намуд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳи зиёд қабул гардид.

Дар баробари ин, оид ба ислоҳот дар самти рушди сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ диққати ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони эҳтимолии Малйзияро ба худ ҷалб намуд.

Роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Малайзия Акил Юсуф ва роҳбари Ташкилоти пешбурди сайёҳии Малайзия Зулкафли Яҳё оид ба ҳавасмандии ҷониби Малайзия ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ибрози назар намуда, ба имкониятҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Дар кори Форум якчанд сайёҳони Малайзия, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудаанд, таассуроти худро ба иштиркчиёни Форум нақл карда, Тоҷикистонро воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва меҳмоннавоз унвон карданд. Онҳо ба иштирокчиёни Форум тавсия доданд, ки аз Тоҷикистон боздид намоянд ва аз имкониятҳои фавқулодаи сайёҳии он баҳравар шаванд.

Дар доираи Форуми сайёҳии Тоҷикистону Малайзия намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, меваҳои хушк ва тару тозаи Тоҷикистон ташкил карда шуда, беҳтарин намунаҳои маҳсулоти дастӣ, меваҳои хушк ва тару тоза ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Як қатор маводи иттилоотии сайёҳӣ, аз қабили харитаву роҳнамо, дискҳо, маҷаллаву варақаҳо ба дӯстдорони сайру саёҳат пешниҳод карда шуд.

Дар интиҳои Форум бо натиҷагирӣ аз он, байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Малайзия, аз ҷумла ҶДММ «Ховалинг Фриленд Эдвенчер», ҶДММ «Сатурн», Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Малайзия «Тоҷик туризм ЛЛС», «Палмбич Ҳолидейс ЛЛС», «ДМС Силкроуд Энтерпрайз» ва дигар ширкатҳо як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Дар доираи баргузории Форуми сайёҳии Тоҷикистону Малайзия мулоқотҳои Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Вазири фарҳанг, санъат ва сайёҳии Малайзия Муҳаммаддин бин Кетапи, роҳбарияти Донишгоҳи МАҲСА-и Малайзия ва як қатор ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии Малайзия баргузор гардиданд.

Дар мулоқотҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самти сайёҳӣ, аз ҷумла ҷалби сайёҳони Малайзия ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи Малайзия ҷиҳати омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори он, ташкили курсҳои бозомӯзӣ, ҷалби сармояи Малайзия ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои густариши ҳамкории сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷониби Малайзия ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, омодагии худро баҳри ба роҳмонӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия иброз намуд.