РАҲНАМОИ МО- СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллтӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар Рӯзи дониш истифодаи ҳамаи имкониятҳоро  ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои стратегӣ таъкид намуданд.          Аз ҷумла “ Ҳамзамон бо ин, олимонро зарур аст, ки ҳамкориро бо истеҳсолот густариш бахшанд, навгониҳои илмиро дар истеҳсолот бештар ҷорӣ намоянд, барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ талош варзанд, ҷавононро ба илмҳои бунёдӣ васеъ ҷалб созанд ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа саҳмгузорӣ намоянд.”

       Саноатикунонии мамлакат аз зумраи ҳадафҳои пурсамари  стратегии мамлакат буда дар самти тайёр намудани мутахасисони баркамол Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузорад. Танҳо дар соли хониши 2018-2019 донишкадаро 669 нафар хатм намуда, 198 нафар хатмкунандагони таҳсилоти буҷавӣ ба роҳхати ҷои корӣ таъмин гардиданд. Тавассути Маркази Миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нави таҳсиои 2019—2020 860 нафар ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона қабул гардиданд. Аз ҷумла 95 нафар шаҳрвандони хориҷӣ донишкадаи куҳӣ-металлургиро интихоб намуданд.

       Дар раванди  таълим низоми кредитии таҳсилот,таҳсилоти фосилавӣ  бо ҷорӣ гардонидани технологияи муосири электронӣ пурра ҷорӣ гардида, сатҳу сифати таълим  ва пешрафти он нисбат ба чанд солҳои пешин бамаротиб боло рафтааст. Донишҷӯёни мо олимпиадаҳои фаннии сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ “Ҷоми Акамедия”  ба дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ  ноил гаштанд. Танҳо соли 2019 – 5 нафар омӯгорони ҷавон рисолаҳои номзади илмро бо муваффақият ҳимоя намуданд, ки   ин ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва нерӯи илми донишкада таккони бузурге бахшид.

    Бояд қайд намуд, ки раёсати донишкада дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро оид ба “1300 – Рӯзи зарбдор” ба пешвози 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарӣ гирифта ба корҳои азнавсозию ободонӣ вусъати тоза мебахшад. Натиҷаи ҳамин аст, ки бо ташаббуси бевоситаи раёсати донишкада бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ маблағҳои худи донишкада хобгоҳи рақами 3, ки зиёда аз 30 сол инҷониб дар ҳолати садама ва корношоямӣ қарор дошт, баъди пурра азнавсозӣ инчунин, Маҷмааи варзишии замонавӣ бо харҷи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ  ба истифода дода шуд. Мавриди зикр аст, ки  хобгоҳи азнавсозшуда дорои 300 ҷой буда, барои омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯйдухтарон пешбинӣ шудааст.

     Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тибқи он дар тамоми донишкада  корҳои ташвиқотиро пурзӯр гардонида, аз ҷумла дар масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо донишҷуён суҳбату вохӯриҳо баргузор менамояд.

 

М. Фозилзода,

Дотсент, Ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон