ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ!

Дар тамоми дунё бо чеҳраҳои зиёди сиёсӣ ошно шудан мумкин аст, аммо ҳеҷ кадоме аз ин чеҳраҳо наметавонад ба мисли Пешвои муаззами миллат намоён ва таъсиргузор бошад. Ҳолномаи шахсияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлолияти Тоҷикистон сахт вобастагӣ дорад ва аз он лаҳза амалҳо ва корномаҳои таърихӣ сарчашма мегирад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи гузариш ва бениҳоят вазнин роҳбарии давлатро ба даст гирифтанд ва ин ҳолати вазнинтарин барои миллат ва ҷомеъа буд. Он рӯзҳо бовар кардан ба ҷавоне мисли Эмомалӣ Раҳмон хеле тасаввурнокарданӣ буд. Чаро? Зеро бузуртарин сиёсатмадорон ва андешамандон аз ҳолати баамал омада сахт тарсида аз давлатдориву ҳифзи Ватан даст кашида буданд. Ҳатто, аксарият аз кишвар баромада рафтанд, фақат барои надидани вазъи баамаломада. Аммо чи расад  ба мардуми оддӣ?! Вале шоҷоату далерӣ ва хислатҳои наҷиб ба  Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки эшон ҳарфи дили мардумро бишнавад ва аз рӯйи он амал намояд. Асли мақсад ва ҳадаф ҳамин буд, ки мардум роҳбари навро ҳамчун ғамхор ва парастори худ қабул кард.  Ва ин тарафдории мардум ба Эмомалӣ Раҳмон нерӯ бахшида, боз ҳам ҷасуртару ғамхортар намуд. Миллат ҳаргиз фаромӯш намекунад он рӯзҳои сангинро, ки ба сараш омада буд. Маҳз дар ҳамин давра Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки аз миллатро аз вартаи бесоҳибӣ ва нобудӣ наҷот диҳанд. Наҷотбахши миллат номидан ба он хотир аст, ки ҳамон шабу рӯз қарор буд Тоҷикистони азизро ба қисматҳо тақсим намуда, миллати тоҷикро пурра аз байн мебурданд. Аммо зиракии сиёсӣ, маҳорати баланди роҳбарӣ, ватандӯстии аз ҳад беши Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки миллат ба ин рӯзи нангин бирасад ва ин албатта беҳтарин амал ва ҳимоя дониста мешавад. Умедворам, ки ҳамаи ин корномаҳои бузургӣ Пешвои муаззами миллат дар сафҳаи таърих бо ҳуруфоти заррин сабт мегарданд. Зеро бо баракати ин марди шариф ва худодод мо имрӯз дар шароити орому осуда ва сулҳ зиндагӣ менамоем. Боиси хушнудист, ки имрӯз Тоҷикистон ба беҳтарин кишвари дунё мубаддал гардидааст ва аз беҳтарин кишварҳои олам барои зиндагиву сайёҳат дониста мешавад.

Дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ҳам сарвари давлат ин рӯзҳои талхи гузаштаи миллатро ёдовар шуда, хиёнати гурӯҳҳои ифротиро дубора ба мардум фаҳмониданд, ки чӣ қадар мо аз ин амали ношоиста ва хатои ҳамватанони худ зарар дидем. Бубинед гумроҳӣ инсонро то куҷоҳо мебарад. Ҷанги таҳмилии дохилӣ, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ идора мешуд, фақат як ҳадаф дошт, ин ҳам бошад несту нобуд сохтани Тоҷикистон. Ва дар ин масъала ҳам Пешвои муаззами миллат кушоду равшан гуфта гузаштанд.

Ба ҳамин далел мо ҷавонон ва қишри зиёи кишварро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат донишу малакаи худро зиёд намуда, ватани худро аз ҳама гуна ҳамлаҳои душманон ҳифз намоем.  Мо, бояд ватанро дар ҳама ҳолат аз ҳифз карда тавонем ва барои ин бояд мубориза барем.

Таъкидҳои Сарвари маорифпарвари давлат ба он хотир аст, ки мо тавонем дар оянда фиреби душманони миллатро нахурем ва ба пои худ бар зидди душман истодагарӣ карда тавонем.

                                                               Парвизи Машҳур

                                                                                          омӯзгори ДКМТ