Боздиди донишҷӯён аз ҶДММ “Фаровон”

Имрӯз мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ олими ҷавон Облоқулов Воҳидҷон бо ҳамроҳии мудири кафедраи менеҷмент олими фаъол Собирова Шукринисохон донишҷӯёни бахши сеюм ва чаҳорумро ба ҶДММ “Фаровон” бурда, бо шароити ки коргоҳ, имкониятҳои техникӣ шинос намуданд.

Ҳамчунин, дар коргоҳи мазкур донишҷӯён бо мутахассиси ҳамин коргоҳ оид ба ҷалби кормандон Солиев Умедҷон суҳбат намуда, роҷеъ ҷараёни гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, бо кор таъмин намудан, ёрдами ширкати мазкур ба донишҷӯён маълумот гирифтанд.
Намояндаи коргоҳи мазкур иттилоъ дод, ки омодааст, бо кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ ҳамкорӣ намуда, донишҷӯёни фаъолро дар нимбаст бо маоши хуб ба кор таъмин намояд.