Бояд ташреҳ бидиҳем, ки Конститутсия яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик дар замони давлатдории навин ба ҳисоб рафта, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи асосии бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ташкил медиҳад. Ин санади олӣ на танҳо маҷмуи қонуну қоидаҳои асосӣ, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ, истиқлолияти давлатӣ ва иродаи халқи кишвари азизамон мебошад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз масири рушду муваффақияти давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва раванди зиндагии осоиштаи шаҳрвандонро муайян менамояд. Ба ҳамин далел, метавон гуфт, ки Конститутсия асоси пойдории давлат ва саодати миллат ва бахтномаи миллати тоҷик мебошад.
Қайд бояд кард, ки дар таърихи давлатдории навини миллати сарбаланди тоҷик қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузурги сиёсиву ҳуқуқӣ ва таърихӣ арзёбӣ мегардад ва дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди таърихӣ ворид гардид. Дар чунин шароити ҳассос зарурати қабули санади олии ҳуқуқие ба миён омад, ки асосҳои сохтори давлатдорӣ, низоми сиёсӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян намояд. Бо ҳамин мақсад 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Қабули Конститутсия барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилӣ, муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар заминаи устувор гузошт. Ин санади тақдирсоз ҳамчун роҳнамои ҷомеа хизмат намуда, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.
Ин нуктаро ҳам бояд таъкид сохт, ки вақте сухан дар мавриди Конститутсия ва қонунгузорӣ меравад, аввалин санади танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ё худ аввалин Конститутсияи аз ҷониби Куруши Кабир таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Эъломияи Куруши Кабир аввалин санадест, ки дар он роҷеъ ба озодиву ҳуқуқи инсон, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ сухан меравад. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки миллати сарбаланди тоҷик аз дарозои таърих дар танзим ва риояи қонунияти зиндагӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ пешгом будаасту дар ҳифзи ҳуқуқи хеш пешдаст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин масъала чунин фармудаанд: «Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».
Яъне, дар ба низом даровардани ҳуқуқи башар миллати тамаддунофари тоҷик саҳми бузург дорад ва инро мо ҳамчун меросбарони тамаддуни бузург бояд ҳаргиз фаромӯш насозем.
Дар замони мо корнамоиҳои Курушро Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор намуданд ва дар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузоштанд. Дар моддаи панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.
Ин ҷо низ аз арзиши олӣ будани инсон сухан меравад ва ҳамин моддаи Конститутсия худ шарҳ медиҳад, ки дар Тоҷикистон азиз ба мақому мартабаи инсон ва шаҳрванд баҳои баланд дода мешавад.
Дар ҳақиқат арзишмандтарин сарвати ҳар як давлат инсон ва зиндагии шоистаи ӯ ба ҳисоб меравад. Ин меъёр нишон медиҳад, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат дониста шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои асосии инсонро, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, истироҳат ва моликият кафолат медиҳад. Ҳамзамон, озодии сухан, виҷдон, эътиқод ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ низ аз ҷумлаи ҳуқуқҳои конститутсионӣ мебошанд.
Бояд таъкид сохт, ки ҳар як давлату миллат барои пойдор мондан ва рушду инкишоф ёфтан ба низоми мукаммали ҳуқуқӣ, сохтори муайяни идоракунӣ ва қонунҳои устувор ниёз дорад. Конститутсия маҳз чунин заминаи ҳуқуқиро фароҳам меоварад ва ин санади олӣ тартиби ташкили ҳокимияти давлатӣ, ваколатҳои мақомоти ҳокимият ва муносибатҳои байни онҳоро муайян намуда, фаъолияти давлатро дар доираи қонун ба роҳ мемонад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин меъёрҳо моҳияти давлатдории миллии моро ифода карда, барои ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафта аҳаммияти бузург дорад.
Соҳибихтиёрӣ маънои онро дорад, ки давлат дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва хориҷии худ мустақил буда, сиёсати миллии худро мустақилона амалӣ менамояд. Демократия бошад, иштироки шаҳрвандонро дар идоракунии давлат ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷамъиятӣ таъмин мекунад. Давлати ҳуқуқбунёд маънои онро дорад, ки тамоми шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ дар назди қонун баробаранд ва фаъолияти онҳо бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ бошад.
Набояд фаромӯш сохт, ки яке аз принсипҳои муҳими Конститутсия волоияти қонун мебошад. Маҳз риояи қонун ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқӣ метавонад суботи ҷомеа, адолати иҷтимоӣ ва амнияти давлатро таъмин намояд. Вақте ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад ва қонунро эҳтиром менамояд, дар ҷомеа тартибот, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод ба давлат мустаҳкам мегардад.
Арзи намудан лозим аст, ки ҳуқуқ ба таҳсил дар рушди ҷомеа нақши муҳим дорад. Зеро ҷомеаи босаводу донишманд метавонад дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеа саҳми арзанда бигузорад. Ҳамчунин, ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб барои шаҳрвандон имконият фароҳам месозад, ки қобилияту истеъдоди худро амалӣ намуда, дар ободии Ватан саҳм гузоранд.
Албатта, дар баробари ҳуқуқ ҳар як шаҳрванд дорои уҳдадориҳои муайян мебошад. Эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи Ватан, пардохти андозҳо, нигоҳдории муҳити зист ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон аз ҷумлаи уҳдадориҳои муҳими шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ метавон ҷомеаи солиму пешрафтаро бунёд кард.
Имрӯз, моро зарур аст, ки ба насли наврас фаҳмонем, ки дӯст доштани Ватан танҳо бо сухан маҳдуд намешавад. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар омӯзиши илм, аз худ намудани касбу ҳунар, риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар зоҳир мегардад.
Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ояндаи Тоҷикистон ба дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи ӯ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва эҳтироми Конститутсия бояд ҷузъи муҳими тарбияи шаҳрвандии насли ҷавон бошад.
Дар умум, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддаси давлатдорӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Он ҳамчун пояи асосии низоми ҳуқуқии кишвар барои таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа хизмат менамояд.
Конститутсия ба мо роҳи зиндагӣ дар ҷомеаи озод, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро нишон медиҳад. Он на танҳо дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик, балки масъулияти бузург дар назди имрӯзу ояндаи кишвар мебошад.
Мо, бояд Конститутсияро эҳтиром намуда, мазмуну моҳияти онро омӯзем ва талаботи онро дар ҳаёти ҳаррӯза риоя намоем. Зеро эҳтироми қонун нишонаи фарҳанги баланди шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Умед дорем, ки бо такя ба арзишҳои волои миллӣ, Конститутсия, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи ҳар як шаҳрванд Тоҷикистони азиз боз ҳам ободу пешрафта хоҳад гардид.
Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони арҷманд!
Давлатзода Давлат
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
