Конференсияи байналмилалӣ: Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи геология тоҷик конференсияи илмӣ- амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” бо ширкати олимони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Дар қисмати пленарии конференсияи мазкур зери модератории муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда аз рушди геологияи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ва муваффақияти олимон, ҳамчунин аз ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур гуфта, ҳозиринро ба Рӯзи геологияи тоҷик табрику таҳният гуфт.
Сипас, муовини раиси шаҳри Бӯстон Нурзода Мамнур ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи геологияи тоҷик табрику таҳният гуфта, ба тамоми алоқамандони соҳа ва ҳозирин ба кори конфронс барору муваффақият таманно намуд.

Инчунин, директори генералии Ширкати тоҷикистонӣ- чинии саноатӣ Лио Яо Хуей, ки сармоягузории конфронси мазкурро бар ӯҳда гирифтааст, суханронӣ намуда, ҳамкории донишкадаро бо ин ширкат ҷиҳати ноил гардидан ба пажӯҳишҳои геологӣ муҳим арзёбӣ кард. Баъдан тибқи барномаи конфронс саргеологи корхонаи воҳиди давлатии ” Экпедитсияи комплекси геологии Қайроққум” Усмонов … суханронӣ намуда, аҳли донишкада ва ректори донишкадаро ба Рӯзи геологияи тоҷик табрику таҳният гуфт.
Ҳамчунин, ба тариқи онлайнӣ дар қисмати пленарии конференсия аз Донишкадаи давлатии инкишофии Сибири Федератсияи Русия профессор Гутак Ярослав Михайлович, аз Донишкадаи геология ва корҳои нафту гази Ироқ номзади илмҳои техникӣ Муҳаммад Ҷавод Зайналобиддин, директори Донишкадаи касбӣ- техникии муҳити зист ва захираҳои шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии мардумии Чин Ма Чун, аз Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ- технологии Навоӣ профессор Мислибаев Илҳом Туйчибоевич суханронӣ намуда, масоили мубрами соҳаи геологияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, дар ин конфронс профессор Каримов Фаршед аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрику таҳният гуфт.