КОНСТИТУТСИЯ РОҲНАМОИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН

Конститутсия танҳо санади ҳуқуқӣ набуда, он оинаи тамаддуни ҳар миллат, муайянкунандаи самти мавҷудияти давлат ва ҳаёти шаҳрванд аст. Ҳар ҷомеае, ки мехоҳад дар роҳи пешрафт қадам занад, ба қонуни асосие такя мекунад, ки қоидаҳои зиндагии муштаракро муайян менамояд. Сохтори қонунии давлат ҷанбаҳои асотирӣ дорад. Арасту мувофиқи назарияҳои илмии худ сохтори давлатҳои Юнонро таҳлил карда, мафҳуми «политейа»-ро (сохти давлат) ба илм ворид кард. Аммо, решаҳои ғояи ҳуқуқи инсон боз ҳам қадимтаранд. Дар соли 539 пеш аз милод, пас аз забт кардани Бобил, Куруши Кабир (асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо) фармоне навиштааст, ки бар устувонаи гилин бо хатти мехӣ бо забони аккадӣ сабт шудааст. Ин «Устувонаи Куруш» соли 1879 дар Бобил пайдо шуд ва дар Осорхонаи Бритониё нигоҳ дошта мешавад. Дар матни он гуфта мешавад, ки сокинони Бобил озод шуданд, асирон ба ватан баргардонида шуданд ва ба мардум иҷозат дода шуд, ки ба парастишгоҳҳои худ баргарданд ва ибодат кунанд. Соли 1971 Дабири кулли СММ У Тан тарҷумаи ин матнро дар шаш забони расмии созмон паҳн кард. Нусхаи устувона дар бинои СММ дар Ню-Йорк нигоҳ дошта мешавад ва бисёр донишмандон онро яке аз аввалин эъломияҳои ҳуқуқи башар меҳисобанд. Бояд гуфт, ки баъзе муҳаққиқон онро ҳуҷҷати ҳуқуқии муосир намедонанд ва ба анъанаи подшоҳони Байнаннаҳрайн, аз ҷумла сиёсати шоҳон дар муносибат бо мардуми забтшуда, марбут медонанд. Бо вуҷуди ин, аҳамияти таърихии он дар таърихи ғояи ҳуқуқи башар қайд мешавад. Аз оғози истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991) зарурати санади нави қонуни асосӣ пеш омад. Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, дар раъйпурсӣ 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок карда, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд. Баъдтар ба он тавассути раъйпурсиҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Конститутсия дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсӣ қабул шуд. Манбаъҳои илмӣ исбот мекунанд, ки Конститутсияи Тоҷикистон бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва тасдиқ гардид. Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ масъулияти бузурги роҳбарии кишварро ба дӯш гирифта, барои сулҳу субот ва ягонагии миллӣ кӯшиш намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияро «бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ» меноманд, ки роҳи минбаъдаи пешрафти давлати озод ва демократиро муайян мекунад. Таҳти роҳбарии ин фарзонафарзанди миллати тоҷик Конститутсия се маротиба аз тариқи раъйпурсӣ такмил ёфт, ки ба мувофиқ шудани қонунгузорӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат кардааст. Дар баробари ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар имзои Созишномаи умумии соли 1997 оид ба сулҳу ризоияти миллӣ ҳамчун роҳбари давлат нақши марказӣ доштанд, ки заминаи амалӣ шудани сохтори конститутсиониро таъмин кард. Конститутсия кишварро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эълон мекунад. Бартариятҳои асосии он: Қонуни олӣ- конститутсия қуввати олии ҳуқуқӣ дорад ва ҳамаи қонунҳои дигар бояд ба он мувофиқ бошанд. Кафолати ҳуқуқу озодиҳо- ҳуқуқи инсон, баробарҳуқуқии мардону занон, озодии виҷдон ва сухан дар он эътироф шудаанд. Тақсими ҳокимият -ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо буда, ҳамдигарро мувозинат мекунанд. Бисёрҳизбӣ ва плюрализм фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ қонунӣ дониста шуда, мафкураи ягонаи давлатӣ манъ аст. Робитаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ- санадҳои байналмилалии эътирофшуда қисми низоми ҳуқуқии кишвар мебошанд. Омили сулҳ ва ваҳдат- Конститутсия ва Созишномаи соли 1997 асоси бартараф кардани муноқиша гардиданд. СММ ва САҲА дар раванди сулҳи тоҷикон нақши муҳим бозиданд ва аксар таҳлилгарон ин равандро намунаи ҳалли осоиштаи муноқиша дар минтақа меҳисобанд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар меъёри асосии ҳуқуқу озодиҳо барои конститутсияҳои муосир аст. Баъзе созмонҳо дар баробари баҳои мусбат ба зарурати амалисозии пурраи кафолатҳои конститутсионӣ ва такмили демократия таваҷҷӯҳ мекунанд. Аз «Устувонаи Куруш» то Конститутсияи имрӯзаи Тоҷикистон ғояи ҳуқуқ ва адолат роҳи дарозе тай кардааст. Конститутсия роҳнамои ҷомеаи мутамаддин аст, зеро ҳуқуқи ҳамагонро ба қонун баробар мекунад. Конститутсияи соли 1994, ки дар давраи душвори таърихӣ қабул шуд, ба кишвар имкон дод, ки сулҳу субот ва ҳувияти миллиро таҳким бахшад. Вазифаи ҳар як шаҳрванд донистан ва риояи талаботҳои Конститутсия мебошад.
Осими Оқил,
сардори раёсати таълими Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон