Мулоқоти муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо хатмкунандагон

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада мулоқоти мулоқоти муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо хатмкунандагон сурат гирифт.
Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, дархости корхонаҳои саноатӣ маҳорати хатмкунандагон, донишу малакаи донишҷӯён, пурра ҷавобгӯ будани хатмкунандагон ба талаботи бозори меҳнат баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, дар мулоқоти мазкур ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Дилшод роҷеъ ба имкониятҳои ҳуқуқӣ, ҷалбшавии хатмкунандагон ба корхонаҳои саноатӣ аз диди ҳуқуқӣ, ҷавобгарии оид ба ин кор намудани роҳхат ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ гуфта гузашт.

Дар мулоқоти бо хатмкунандагон ҳамзамон сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек низ суханронӣ намуда аз талаботҳои бозори меҳнат, дархости кордиҳандагон ва талаботи корхонаҳои саноатӣ гуфта гузашт.
Дар мулоқоти мазкур қайд карда шуд, ки ҳар як хатмкунанда метавонад, бо ҷойи кор таъмин шавад ва содиқона аз рӯи вазифааш масъулияташро ба ҷо оварад.