Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин санадҳои ҳуқуқии давлату миллат ба ҳисоб рафта, асоси бунёди давлатдорӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа мебошад. Ин санади олӣ ҳамчун Қонуни асосии давлат дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси он қабул ва ба танзим дароварда мешавад. Онро метавон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву таърихӣ ва сарнавиштсози миллат арзёбӣ намуд. Зеро дар он роҳи минбаъдаи давлат, сохтори ҳокимият, муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон ва арзишҳои асосии ҷомеа муайян карда шудааст. Аз ин хотир, эҳтиром ва риояи Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Таъкид бояд сохт, ки дар таърихи давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсия яке аз рӯйдодҳои бузурги сиёсиву таърихӣ дониста мешавад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати қабули Қонуни асосии нав ба миён омад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун давлати соҳибистиқлол асосҳои ҳуқуқии давлатдории худро муайян менамуд.
Санаи 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар саҳифаи наверо боз кард. Бо қабули ин санади тақдирсоз ҶумҳурииТоҷикистон роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буданро пеш гирифт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, тамоми соҳаҳои муҳими ҳаёти давлат ва ҷомеаро фаро мегирад. Дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохтори ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ муайян карда шудааст.
Яке аз дастовардҳои муҳими Конститутсия дар он аст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ин маънои онро дорад, ки давлат вазифадор аст ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро эҳтиром, ҳифз ва таъмин намояд. Ҳар як инсон ҳуқуқ ба зиндагӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат, озодии сухан, виҷдон ва дигар ҳуқуқҳои конститутсиониро дорад.
Конститутсия инчунин заминаи ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Мувофиқи он, ҳокимияти давлатӣ ба се шоха — қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо мешавад. Ин тақсимот барои таъмини тавозуни ҳокимият, пешгирии сӯиистифода аз мансаб ва таҳкими волоияти қонун аҳаммияти калон дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил рушд намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро мустаҳкам гардонид. Ин санади олии ҳуқуқӣ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам овард.
Қайд бояд кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника аҳаммияти Конститутсия боз ҳам бештар меафзояд. Зеро маҳз тавассути қонунҳои мукаммал ва риояи меъёрҳои конститутсионӣ метавон амнияти ҷомеаро таъмин намуда, барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Мо, шаҳрвандонро зарур аст, ки ин ҳақиқатро дарк намоем, ки Конститутсия танҳо маҷмуи моддаҳо ва қоидаҳои ҳуқуқӣ нест, балки таҷассумгари орзуву омоли халқи тоҷик, рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва кафили зиндагии осоиштаи ҷомеа мебошад.
Эҳтиром ба қонун, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ бояд аз арзишҳои асосии ҳар як фарзанди Тоҷикистон бошад.
Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд на танҳо аз ҳуқуқҳои худ истифода барад, балки вазифаҳои шаҳрвандии хешро низ софдилона иҷро намояд. Ҳифзи Ватан, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, риояи қонунҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими шаҳрвандон мебошад.
Бо мақсади такмили низоми ҳуқуқии кишвар ва мутобиқ намудани он ба талаботи замон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ин тағйиру иловаҳо барои такмили низоми идоракунии давлатӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам сохт.
Дар умум, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати муҳими таърихӣ ва сарнавиштсози миллат буда, ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеаро таъмин менамояд.
Эҳтиром ба Конститутсия эҳтиром ба давлат, миллат, Ватан ва ояндаи дурахшони он мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар якнафар шаҳрванд бояд мазмуну муҳтавои ин санади муқаддасро омӯзад, талаботи онро риоя намояд ва дар таҳкими давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро бигузорад.
Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун чароғи роҳнамо, кафили сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осоиштаи мардум хизмат намояд. Зеро миллате, ки ба Конститутсияи худ эҳтиром мегузорад ва волоияти қонунро таъмин мекунад, метавонад ба ояндаи дурахшон ва пешрафти устувор ноил бигардад.
О. Зардуштмеҳр
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
