КОНСТИТУТСИЯ АСОСИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД ВА ТАШАККУЛЁФТА

Гуфтан лозим аст, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши бисёр муҳим ва ҳалкунанда  дошта, он на танҳо санади муҳими ҳуқуқӣ, балки заминаи асосии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин санади олӣ- Конститутсия самтҳои асосии рушди давлатро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳифз ва кафолат медиҳад. Бинобар ин, ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёдро бидуни мавҷудияти Конститутсияи мукаммал ва риояи қатъии меъёрҳои он тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Қабули ин санади тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Он барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа заминаи устувор фароҳам овард. Дар давраҳои минбаъда ба Конститутсияи Ҷумҳурии  тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин тағйирот ба такмили низоми давлатдорӣ ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созанда ва дар натиҷаи ин ҳама болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт”. 

Воқеан, ҳам ин санади олӣ дар ин муддат бахткушои миллат гардид ва имрӯз мардуми Тоҷикистон сарбаланду саодатманд ҳастанд.

Қайд бояд кард, ки мафҳуми давлати ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки дар он волоияти қонун таъмин гардида, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон дар асоси қонун ба роҳ монда мешавад. Дар чунин давлат ҳеҷ кас аз иҷрои талаботи қонун озод нест ва ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз мансаб, вазъи иҷтимоӣ, миллат, забон ва эътиқоди динӣ дар назди қонун баробаранд.

Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин меъёри конститутсионӣ самти асосии рушди давлат ва ҷомеаи моро муайян менамояд. Мафҳуми ҳуқуқбунёд будани давлат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ дошта, давлат вазифадор аст онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои асосии инсонро, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, моликият ва иштирок дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро кафолат медиҳад. Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя намуда, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром кунад.

Ҷомеаи ҳуқуқбунёд танҳо бо қабули қонунҳо ташаккул намеёбад. Барои бунёди чунин ҷомеа баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур аст. Ҳар як инсон бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, ба қонун эҳтиром гузорад ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ масъулиятшиносона иштирок намояд. Дар ин самт оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ниҳодҳои ҷомеа нақши муассир доранд.

Махсусан, ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои демократӣ тарбия ёбанд. Омӯзиши Конститутсия дар муассисаҳои таълимӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқии ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро ба риояи қонун ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳидоят менамояд.

Ҳамзамон, Конститутсия барои таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҳама гуна табъиз заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад. Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳар як шахс бояд имконияти баробар барои таҳсил, меҳнат, зиндагии шоиста ва истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худро дошта бошад. Ҳифзи ҳуқуқи занон, кӯдакон, пиронсолон ва дигар гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа низ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Ҳамчунин, Конститутсия барои рушди иқтисодиёт ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум низ аҳамияти калон дорад. Муайян намудани кафолатҳои ҳуқуқи моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд. Ҳамаи ин омилҳо барои рушди устувори давлат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум шароити мусоид фароҳам меорад.

Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба Конститутсия ин эҳтиром ба давлат, миллат, ҳуқуқи инсон ва ояндаи кишвар мебошад. Риояи талаботи он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як фарди меҳандӯсти ҷомеа мебошад.

Дар умум, Конститутсия пояи асосии давлатдории миллӣ ва заминаи устувори ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд вазифаи танҳо давлат набуда, масъулияти тамоми шаҳрвандон аст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд Конститутсияро эҳтиром намоем, меъёрҳои онро риоя кунем ва дар таҳкими қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзандаи худро бигузорем. Танҳо дар сурати эҳтиром ва риояи Конститутсия метавонем ҷомеаи пешрафта, адолатпарвар, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бунёд сохт.

Мирзозода Воҳид

муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон