Дарси кушоди Осими Оқил

Имрӯз, дар кафедари коркарди конҳои канданиҳои фоиданок дарси кушоди омӯзгори фаъол Осими Оқил аз фанни системаи ҳавокашии корхонаҳо баргузор гардид. Дар дарси кушоди мазкур мудири кафедари коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Мутаваллиев Абдуваҳҳоб, муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ Исоева Азиза, омӯзгор Абдуллоева Таҳмина, профессор Мавлонов Манон ва дигарон ширкат намуданд.

Омӯзгор Осими Оқил ба ҳозирин  мавзӯро фаҳмонида, аз ҷараёни корӣ ва намунаҳои мавҷудаи асбоби ҳавокашӣ ба тариқи видеоӣ ба донишҷӯён фаҳмонид. Сипас омӯзгорон ба донишҷӯён суолҳо дода, аз ҷавоби онҳо қаноатманд гардида, ба дасри мазкур баҳои баланд доданд.

Шуъбаи иттилоот