Донишҷӯи варзишкори донишкада Мавлонов Шоҳрух соҳиби ҷойи аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи ММА гардид

Имрӯз, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин донишҷӯи варзишкори донишкадаро, ки дар курси дуюми ихтисоси нафту газ мехонад, Мавлонов Шоҳрухро бо ҳамроҳии мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон ба ҳузур пазируфт.
Мавлонов Шоҳрух донишкадаи фаъоли донишкада ва ҳамзамон аъзои клуби варзишкорони риштаи ММА-и шаҳри Гулистон мебошад.
Мавлонов Шоҳрухро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бинобар сабаби сазовор гардиданаш ба ҷойи якум, дар бозиҳои қаҳрамонии байналмиллалӣ, ки дар ноҳияи Спитамен баргузор гардид, изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ширкати фаъолона дар чорабиниҳои варзишӣ сипосномаи раёсати донишкадаро бар ӯ тақдим намуд.