Дарси кушоди омӯзгор Раҳматов Абдумавлон

Имрӯз, дар кафедраи иқтисодиёти саноатӣ дарси кушоди омӯзгори ҷавон Раҳматов Абдумавлон аз фанни “Иқтисодиёти корхона” баргузор гардид.
Дар дарси кушоди мазкур декани факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ Саидов Мустафохон, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон, мудири кафедраи менеҷмент Собирова Шукриниссо, муовини декан оид ба тарбия Ҷӯраев Некрӯз, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек ширкат намуданд. Дар рафти дарс омӯзгор Раҳматов Абдумавлон аз ҳолати кунунии корхонаҳои саноатӣ ва мавзӯи мубрами иқтисодиёти корхонаҳо сухан ронда ба донишҷӯён бо мисолҳо ҳолатро фаҳмонид.
Сипас, омӯзгорон ба донишҷӯён суолҳо дода, роҷеъ ба азхуднамоии мавзӯъ баҳои баланд доданд.


Шуъбаи иттилоот