Донишҷӯйи мо ғолиби озмуни “Пули забони чинӣ” гардид

Донишҷӯёни донишкада ҳамасола дар озмунҳои байналмиллалӣ ширкат варзида, номи кишварро накӯ медоранд.
Имрӯз, санаи 31.05.2021 давраи ниҳоии озмуни “Пули забони чинӣ” тариқи онлайн дар Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин озмун бо сарпарастии сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин хамасола баргузор мегардад. Нарзуллоева Муниса, ки таҷрибаомӯзи Донишкадаи Конфутсий маҳсуб меёбад дар қаламрави Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гашт. Аҳли коллективи Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ ба ӯ миннатдории хешро баён медорад.