Баррасии натиҷаҳои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар донишкада

Имрӯз, дар толори видеоконфронсзали донишкада бо иштироки муовини  ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо, сардори раёсати илм ва инноватсия Шербоев Муродҷон ва дигар омӯзгорону мудирони кафедраҳо ҷаласа баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои иштирокчиёни олимпиада баррасӣ карда шуд.

Муовини ректор оид ба таълим Насриддинов З. сараввал дастуру супоришҳои ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалиро ба ҳозирин фаҳмонида, сипас натиҷаи олимпидаро ба таҳлил кашиданд. Муовини ректор ба ҳама омӯзгорон ҷиҳати ҷой нагирифтани донишҷӯён огоҳӣ дода, таъкид намуданд, ки ҳадди ақал бояд аз фанҳои алоҳида бояд донишҷӯён ҷойи намоёнро дар олимпиада сазовор мешуданд.

Насриддинов Замониддин барои фаъолияти нодуруст бурдани омӯзгорон таъкид намуданд, ки ба омӯзгорони бемасъулият танбеҳ дода шавад, то минбаъд ба чунин фориғмасали дода нашаванд. Ҳамчунин, дар ҷаласа ба масъулон дастур дода шуд, ки минбаъд барои ширкат дар олимпиадаҳо омодагии ҷиддӣ бинанд.

Шуъбаи иттилоот