Ҷаласаи фаврии муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин

Имрӯз, дар донишкада ҷаласаи фаврии муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин баргузор гардид, ки дар он деканҳо ва мудирони кафедраву сардори раёсати таълим ширкат намуданд.

Насриддинов З. нахуст дастури ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалиро ба ҳозирин фаҳмонида, сипас дар мавриди масоили ҳалношудаву баҳсталаб сухан ронда, иброз дошт, ки то охири соли хониш бояд ҳамаи муаамоҳо ҳалли худро ёбанд.

Дар ҷаласаи имрӯза, ки ба масъалаҳои хатмкунандагони қарздор, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, асардӯздӣ, қарорҳои вазорати маориф ва ҳамчунин роҳ надодан ба амалҳои корупсионӣ бахшида шуда буд, муовини ректор оид ба таълим(муовини аввал) Насриддинов Замониддин ба ҳозирин фаҳмонида, иброз доштанд, ки ҳама гуна амалҳои ғайри қонунӣ ва ҳама гуна муносибати нодуруст бо донишҷӯён, ки бар хилофи оиннома ва низомномаи донишкадаву қонунҳои амалкунанда сурат мегиранд, маҳкум карда мешавад.

Дар интиҳо ба масъулин супориш дода шуд, ки ба таври ҷиддӣ имтиҳонҳои давлатиро назорат баранд.

 

Шуъбаи иттилоот