Ғолибияти донишҷӯйи мо дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд оид ба Дзюдо

Бобоҷонов Мӯҳсинҷон донишҷӯйи курси дуюми  ихтисоси ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркаши факултети металлургия дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд оид ба Дзюдо  иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки Бобоҷонов Мӯҳсинҷон аз донишҷӯёни фаъол буда, дар риштаи варзиши навъи Дзюдо ва Самбо маҳорати баланди касбиро аз худ намудааст ва борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ширкат намудааст.