МИЛЛАТ, КОРОНАВИРУС, ИНСОНИЯТ ВА ҒУРУР

Ҳаводиси таърих такрор мешавад, лек одамият ва рафтори нек мемонад!

Ҳаводис, омилҳо ва оқибати равандҳои тезутунди ҷаҳонӣ барои инсоният сабақи таърихро меомӯзад ва таърих бар ҳама масоили иҷтимоӣ баҳои созгори худро медиҳад. Дар лобалои таърих, моҷароҳои қавмӣ, гурӯҳҳои этникӣ, размҳои хурди маҳаллӣ тасвири худро меёбад ва ё ба ибораи дигар арзёбӣ мегардад. Муқаддимаи таърихи башарият ҳамин гуна размҳо ва бозиҳои сиёсиро дорад, ки барои ин ё он манфиатҳо тарҳрезӣ шудааст. Ҳамзамон таърихсӯзиву нобудшавии давлатҳо, миллатҳо ва халқиятҳоро низ метавон дар мустанадҳо дарёфт, ки ҳамааш аз гузашта ба мерос мондааст ва барои имрӯзиён сабақи бузурге низ ҳаст. Гурӯҳҳои шағолсифати шайтонпеша низ дар таърих ҷойгоҳи худро доранд, ки онро муқобили ин ё он миллат ва ин ё он давлату халқият истифода сохтаанд ва дар доираи нақшаҳои муғриз сарфи назар намудаанд, ки имрӯз ҳам ин раванд аз ҷониби абарқудратҳо ва ҷаҳонхоҳон сӯистифода мешавад. Уқубат ва ранҷишу сӯзиши миллатҳо ҳам  аз дасти афроди шағолсурату шайтонсират дар дебочаи таърихи инсонӣ мунъакис шудааст ва онро ҳамчун сабақомӯз барои идомаи роҳи фардо мешавад ба риштаи таҳлил кашид, то кулфату уқубатро барои ҳазорсолаҳо аз сари миллат дур сохт.

КОРОНАВИРУС ВА НАМУНАИ ИНСОНИЯТ

Феълан, чунин вазъе баамал омад, ки на ягон пешгӯӣ ва на ягон фарзияи таҳлилгарон ҳолатро пешгӯйӣ карда натавонист ва кор ба ин шуд, ки коронавирус ё КОВИД-19 саросари оламро фаро гирифт. Абарқудратҳо, ки даъвои тибби пешқадам мекарданд, дар пеши ин вабо оҷиз монданд. Ин ҳолат ҷаҳониёнро ба таҳлука андохт ва паёмад ин буд, ки аз вирус дида, тарсу ваҳм зиёдтар ба ҷони мардум таъсир намуд, ки ин албатта оқибати манфии равонӣ дорад.  

Ба тарзе, ки интизор доштем, маризии ҳамагир остони дари моро ҳам кӯфт ва аз аввалиншуда Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Сардори давлат ба кӯмаки халқ шитофтанд ва баҳри камбудҳо талош варзиданду дар паҳлӯйи миллат истоданд. Албатта, дар ҳамин ҳолат  ҳар яки моро низ зарур аст, ки дар паҳлӯйи ҷомеа бошем ва ҳамин лаҳза бо миллат ҳамдардии амиқи худро нисор намоем на иғвобарангезиву дасисабозӣ ва кинаҷӯиву торикниятӣ намоем. Аммо тавре, ки интизор мерафт ин  бор ҳам душманони миллат, наҳзатиёну 24-ҳо, ки ҳамеша дар фикри табоҳ намудани зиндагии мардум ҳастанд,  ба ҷойи ғамшарикӣ  аз вазъияти сӯистифода намудани шуданд, ки ин як зарбаи сангин бар сари миллат мебошад. Ҳамон гуна, ки медонем, кӯмак карда наметавонӣ, ҳадди ақал забонатро нигоҳ дор!  Беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки “Заҳри одами бад ба заҳри даҳ мор баробар аст”.

Наҳзатиён, ки худро ҳатто муъмину мусалмон мегирифтанд, ҳамин ҷо маълум намуданд, ки дар ҳақиқат на мусалмонанду на муъмин! Ҳамин рафтори наҳзатиён исбот намуд, ки наҳзатиён исломро ҳамчун дастгоҳи гумроҳсозӣ барои мақсадҳои нопокашон истифода менамоянд.

Бе ягон муболиға метавонем гуфт, ки ҳатман ин давраи мубориза бо КОВИД-19 хоҳад гузашт ва миллат сиҳату саломат ҷони худро амон хоҳад нигоҳ дошт, лек кӯрдилӣ ва шармандагии наҳзатиён дар сафҳаҳои таърих хоҳад монд.

 “Ҳарисӣ ба мол ақли инсонро тира месозаду ба ҳар роҳ бурд. Ва аз ин ҷост, ки молпарастонро душмани одамият ҳам мегӯянд”.

 Фалсафаи Шарқ

Одамиятро аз ҳайвон бо шуураш фарқ мекунанд. Донишҳо, ба инсон роҳ нишон медиҳанд, то ҳамин сифати инсонияшро тақвият диҳад ва дар замин хулқи ҳайвонӣ нагирад. Одам буданашро фаромӯш насозад.  Одам дар рӯзи сахтӣ одамро мешиносад, одамияташро дарк менамояд. Пайдо шудани вабои ҳамагири коронавирус ё КОВИД-19 як имтиҳон аст, ки имрӯз ба сари башарият омадааст, аммо ҳатман мегузарад. Вале одаму одамгарӣ дар ин лаҳза мемонад. Шинохти одамӣ мемонад. Ваҳму ҳарос ва даҳшати коронавирус воқеан ҳам ҷомеаро рӯҳафтода месозад ва маҳз ҳамин тарсу ҳарос бар вуҷуди одамият вирус аст. Вируси ҷонгир!

Лек инсонҳо набояд дар ин давра одамияти худро аз даст диҳанд ва хулқи бади хешро ба намоиш гузоранд.

 

Гшмгкн ма,кун, araip накунй шод хотире Гар маржами диле нашавй, нештар мабош

ҒУРУРИ МИЛЛӢ

Ҳикояте ҳаст, ки як замон марде дарахтони боғашро бурида мефурӯшаду фарзандашро ба шаҳр мефиристад, то хонаду роҳкушои зиндагӣ гардад. Аммо аз фарзанд дараке намешавад, фарзанд волидайнашро фаромӯш мекунад. Солҳо мегузаранд. Дар ин миён пирамард фарзандашро интизор намешаваду дар ҳар ҷойи холии деҳ ниҳол мешинонад ва онҳо ҳама месабзанду дарахт гардид.

Нафароне аз деҳ омада ба писари пирамард мегӯянд, ки аз ҳоли волидайнаш хабар гирад, лек фарзанд ба деҳа рафтан хуб нест, деҳа ҷойи одам не, гуфта намеравад.

Як замон писар бо зарурате ба деҳа меояду хонаи падарро намеёбад, зеро дар ин миён деҳ хеле ободу зебо гардида буд. , падарро ҷӯё мешавад ва бо роҳнамоии аҳли деҳ хонаи бачагияшро дармеёбад, ки хеле тағйир кардааст, зеботар аз пештара шудааст.

Писар ҳайрон мешаваду аз падараш ҳамон пирамард мепурсад, ки чӣ хел ин тарҳи иморатро иваз кардааст?

Пирамард мегӯяд, ки ман ба меҳмон асрори деҳаро гуфтанӣ нестам ва беҳтар аз ҳамон роҳе, ки омадӣ ба он баргардӣ.

Писар мегӯяд ман писари ту ҳастам, фарзандат!

Пирамард дар ҷавоб мегӯяд, шояд замоне ман ба уммед туро фарзанд гуфта ба воя расонидам, аммо дар сурат гирифтани ту ҳамчун инсон ман ягон саҳме надорам. Зеро туро аз мактаби инсонӣ нагузаронидаам ва бар замми ин ман аз рафтани ту ба шаҳр зарар ҳам надидам. Бар ивази ин иштибоҳам ман ба парвариши ниҳол машғул шудам ва дар ин миён садҳо хонаро аз ҳисоби дарахтони шинонидаам обод кардем, симои деҳаро тағйир додем. Зебогие, ки ту мебинӣ ин ҳамааш пас аз рафтани ту шуд, аммо ба саволе ту ҳоло ҷавоб бидеҳ, ки дар шаҳр чӣ қадар ободкорӣ намудӣ?

Ба чанд нафар кӯмак кардӣ?

Писар ором буд ва чизе ҳам гуфта наметавонист…

Маълум, ки ту коре накардаӣ, ҳатто зиндагии худатро обод карда натавонистаӣ!-идома медиҳад пирамард:  Вале бо як хислати пасти инсонӣ тавонистӣ деҳаро, зодгоҳатро ҷойи одам нест бигӯӣ, ки ин бадтарин хислат аст.  Пас аз шунидани ин суханат ман туро аз фарзандӣ баровардам, то рӯҳам осуда бошад-мегӯяд пирамард.

Писар дар тааҷҷуб меафтад ва мепурсад, чаро?

Бале, нафаре, ки ғайрат намуда ба макони зисташ, зодгоҳаш, хонаи падараш сухани носазо мегӯяд вай инсон нест. Пас вақте, ки ту инсон нестӣ, хулқи инсонӣ надорӣ, чӣ тавр ман туро фарзандам бигӯям?! Ман аз чунин фарзанде, ки хулқи одамӣ надорад, шарм медорам-мегӯяд пирамард. Аз бенангӣ, беномусӣ, бефарзандӣ беҳтар аст гуфтаанд бузургон, аз ин лиҳоз бефарзанд бимирам беҳтар назар ба доғи беномусӣ, мегӯяд пирамард.

Шояд ин лаҳза барои ҳамагон намунаи ибрат бошад, аммо набояд фаромӯш кард, ки заҳри забон сахттарин ханҷар аст ва садҳо дилро мешиканад, номуси инсониро аз байн мебарад, мисли гуфтоварди боло, ки чӣ гуна ба қадри зодгоҳ нарасидан ва фаромӯш сохтани мактаби инсониро ёдрас менамояд.

МАКРИ ДУШМАН БО ИСТИФОДА АЗ ҲОЛАТ

 Имрӯзҳо, ки хотири мардум нороҳат асту ҳама ҷон дар каф гирифта, бо вабо мубориза мебарад, аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ТЭ “Гурӯҳт24”, ТТЭ ПМТ бошанд дар фикри ноором кардани ҷомеа шудаанд, ки ин бисёр ҳам хислати пасти онҳоро нишон медиҳад. Зеро  ин тоифаи наҳзатӣ, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд аз воқеият дуранд ва аз ҳоли миллат бехабаранд. Онон намедонанд, ки миллат кадом рӯзҳои сангинро паси сар намуд, сахтиҳоро кашид ва ба имрӯз расид?!  Ногуфта намонад, ки ин ҳама сахтиҳоро ба сари миллати тоҷик он рӯзҳо ҳамин наҳзатиён аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо сӯистифода аз номи ислом ва супориши хоҷагони хориҷияшон оварда буданд, ки дар натиҷа ҳазорон зан бева шуд, ҳазорон кӯдак ятим шуд ва зиёда аз 160 000 нафар шаҳид гардид, ки шикасти ҳамаи инҳо, хуни ҳамаи ин шаҳидон бар гардани наҳзатиён аст. Ҳамин наҳзатиён буданд, ки ба ҷӯйборони об хуни бегуноҳи тоҷикро рехтанд ва имкониятҳои миллатро маҳдуд сохтанд. Аммо миллати тоҷик ба зону назад ва нангу номус ва ғурурашро аз даст надод ва дубора соҳиби зиндагии пурсаодат шуд. Нангу номуси тоҷик санги хоро бишканад ва ҳафт қабати осмон бидарад мегӯянд ва ин беҳуда нест… Ҳамон тавре, ки Лоиқи бузургвор мегӯяд “ Шишаи мо санги хоро бишканад”..

Имрӯз ҳам душманони миллат, аъзоёни ин гурӯҳҳо бо сардории Кабирӣ, Шарофиддин, Салимпур, Варқӣ, Истаравшанӣ Аюбзод, Маҳмадиқбол кӯшиш кардаистодаанд, то миллатро  ба нооромӣ даъват кунанд, дубора миллатро гумроҳ намоянд ва аз ин ҳисоб бозори худро гарм созанд, хоҷагони хориҷияшонро шод кунанд.

Албатта, миллати тоҷик ба ин сафсатаҳо бовар нахоҳад кард, зеро медонад, ки Кабирӣ як ҳанноти беморхонаи сироятӣ асту ҳамкори террористон ва тиҷораташ ҳам аз гумроҳ кардану ба Сурия фиристодани ҷавонон ба сафи созмонҳои террористӣ иборат аст. Як зархарид аст, аз амри хоҷагони хориҷияш як қадам берун намегузорад ва ҳатто ба ҷанозаи модараш ҳам ба хотири супориши хоҷагони хориҷияш иштирок накард. Пас нафаре, ки ба қадри волидайн намерасад, мешавад инсон гуфт?!

Шарофиддин бошад як ақлбохтаест, ки на савод дораду на фаҳми ҷамъиятӣ, маблағҳоро дуздидааст, қарзи андозро насупорида ба хориҷ гурехтааст. Андозе, ки мардум ба давлат месупоранд, ҳаққи ятимон, бепарасторон ва ҳазорон ниёзманд аст, ки давлат ба онҳо тақсим мекунад. Пас чӣ гуна Шарофиддини ҳаққи мардумхӯрро мешавад, як персонаи сиёсӣ гуфт?

Салимпур як авбош ва дасисабоз аст, фиребкор аст, ҳатто бародари худашро фиреб додааст. Ба хотири маблағҳои наҳзатиён имрӯзҳо мардумро ба гумроҳӣ мебарад ва иғвобарангезӣ мекунад. Миллати тоҷикро умуман бад мебинад ва ба ҳамин хотир ба назди волидайнаш ҳам кам меояд. Номуси инсонӣ надорад. Нафаре, ки бародари худашро ба хотири пул фиреб медиҳад, инсон дониста мешавад?! Як пулпараст ва як хоин мебошад.

Муҳаммадиқбол нафаре ҳаст, ки ба дуруғгӯӣ миёни мардум шуҳрат дорад. Дар хурдсолияш ба муҳосира афтодааст, нангу номуси мардияшро аз даст додааст. Волидайнашро эҳтиром намекунад ва ҳатто дар ҷанозаи падараш иштирок накардааст. Пас чӣ тавр бо ин рафтораш мешавад ӯро инсон гуфт? Оё падару модар барои инсон азизтарин кас нестанд? Оё ватандӯстӣ аз эҳтироми волидайн оғоз намешавад?

Яъне, ин нафароне, ки ҳоло ин ҷо ба чеҳракушоияшон пардохтем аслан аз инсонгарӣ, одамгарӣ хабаре надоранд ва танҳо барои бадномкунии миллат худро насаби тоҷики додаанду халос, аммо дар асл як чоплус, дурӯя, хоин, каҷниҳод, кӯрдил, кӯрботин ва хиёнаткор мебошанд .

Онон имрӯз ба хотири ҳамин миллат зиндагии пурнишот доранд, зеро дар вақти дар кишвар буданашон хуб миллатро хароб карданд, заминҳоро фурӯхтанд, беморхонаҳоро фурӯхтанд, то ҷайби худро пур кунанд. Ҳатто ба хиёнат даст заданд, то маблағ кор кунанд. Имрӯз ҳам ба хотири пулу мол зархарид гаштаанд, хиёнат мекунанд, миллатро гумроҳ мекунанд, ҷомеаро ноором мекунанд, то пул кор кунанд.

Дар хориҷ аз кишвар ва он ҳам дар Аврупо зисту зиндагӣ кардан осон нест, аммо наҳзатиён он ҷо хуш зиндагӣ доранд ва ин аз кадом ҳисоб аст?

Ин пули ҳамон хоҷаҳои хориҷист, душманони миллати тоҷик мебошад, ки ҳоло наҳзатиён дар фикри роҳҳои бузурги хиёнат ҳастанд ва формулаи “Кабирӣ+ Аюбзод+ Салимпур+ Варқӣ+ Истравшанӣ+ Муҳаммадиқбол”+Истаравшанӣ аз ҳамин ҷо пайдо шудааст, ки мақсадаш хиёнат бар миллат мебошад. Наҳзатиён имрӯз худро дар назди мардум “ғамхори миллат” муаррифӣ карданӣ мешаванд, ки воқеан ҳам ҷойи шармандагист. Инсоне, ки падару модари худашро эҳтиром намекунад, қадргузорӣ намекунад, чӣ тавр ғамхори миллат мешавад? Оё мешавад як ҳаннот ва дурӯғгӯ, як дасисабоз ва фиребкорро “ғамхори миллат” гуфт?

Миллат набояд фаромӯш кунад, наҳзатиён имрӯз бо дилнармӣ, нармгуфторӣ, мехоҳанд бо макри пардапӯшона мардумфиребӣ созанд, бо мақсадҳои нопокӣ худ бирасанд. Ва дар боби ҳамин наҳзатиёни бадниҳод ва ҳиллагар дар хитоб бар ҷомеа  Соиби Табрезӣ барҳақ фармудааст:

Хасми бадгавҳар агар ҳарфи мулоим гӯяд,

Устухонест, ки дар луқма ниҳон мегардад.

Ҳоло ба ҷони миллат ин наҳзатиён ва 24-ҳо мехоҳанд  ҷабр  кунанд ва ин ҳам дар ҳоле, ки миллат дар мубориза бо маризии ҳамагири коронавирус талош меварзаду шабу рӯз хоб надорад. Маълум мешавад, ки ин ифротиҳои фирорӣ аз вазъият сӯистифода карданӣ ҳастанд, то миллатро  гумроҳ созанду дубора пеши бегонагон, аҷнабиён муттаҳам созанд, ки ин хиёнат аст. Хиёнати нобахшиданӣ!

 

ХУЛОСА

 Воқеияти рӯзгор нишон медиҳад, ки ҳар нафаре, ки сурати одами дорад, инсон нест ва ҳар нафаре, ки сар дорад, боақл нест. Ҳамин ҳолатро дар мисоли наҳзатиён ва дигар душмнанони миллати тоҷик дидан мумкин аст. Зеро ҳамаи наҳзатиёну 24-ҳо имрӯзҳо ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва аз ин боз нороҳат ҳам нестанд, ки ин худ гувоҳ аз ҳамон гуфтаҳои болост. Яъне дур будани ин тоифаи фирорӣ ва бадкеш аз доираи инсонигарӣ. Мақолеро вирди забонҳо кардаанд, оқилон, ки бар ҳақ бар наҳзатиён гуфта шудааст: “Ҳар қадаре зиёдтар дар оғил бишинӣ, ҳамон қадар бештар аз ту бўйи ахлот меояд.” Ва дар ҳақиқат ҳам аз ин наҳзатиён имрӯзҳо бӯйи ахлот меояд, бӯйи хиёнат ва разолат.

Кунун, наҳзатиён ва 24-ҳо дар доираи барномаи хиёнаткоронаи худ мехоҳанд, миллатро ба нооромиҳо даъват намуда, фиреб диҳанд ва кишварро дигарбора ба хоку хун оғушта созанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳанӯз ҷӯйборон хуни рехтаи шаҳидон аз адсти наҳзатиёнро фаромӯш накардаанд, ҳанӯз тифлоне, ки бо ваҳшонияти наҳзатиён ятим монда буданд, оғӯши падар надидаанд, ҳанӯз ҳам ашки бонувоне, ки аз дасти наҳзатиён шавҳаронашон ба қатл расида буданд, пуроб аст ва ҳанӯз ҳам миллат дар девори хотироти дилаш хиёнати наҳзатиён, қатли бегуноҳонро, ки ҳамин наҳзатиён роҳандозӣ карда буданд, фаромӯш насохтааст. Аз ин рӯ, бовар кардан ба ҳиллаҳои наҳзатиён, ба дурӯғҳои бофтаашон, худфиребдиҳест, ки оқибати нек надорад.  Бовар кардан ба наҳзатиён нишони девонагӣ ва бехирадист!

Мо, хуб медонем, ки наҳзатиён як маротиба аз боварии мардум истифода намуда, чи хел кишварро ба хоку хун кашиданд ва сарсону саргардон намуданд. Акнун боз мехоҳанд, ки ҳамин хиёнат ва разолатро такрор кунанд ва боз ҳам мехоҳанд мисли қабли дар рӯ ниқоб кашида миёни ҷомеа роҳ ёбанд.  Аммо миллати тоҷик набояд фаромӯш созад, ки оқибат “гургзода гург шавад”  ва хиёнаткор хоин.

Мусаллам аст, ки кунун офтоб аз наҳзатиён ва дигар хоинони фирорӣ рӯ тофтааст, лек ин ятимони дунёи маърифат ва кӯрони роҳи хирад ва гургони бешаи хиёнат ҳанӯз тан додани нестанд ва мехоҳанд хиёнатро идома диҳанд, то нафси саркаши худро қаноат бахшанд, ки ин аз доираи инсоният берун мебошад ва ба ҳамин далел аст, ки дар чоҳ зиндагӣ мекунанду талаби ҷоҳ кард, бо рӯсиёҳӣ зиндагӣ мекунанду  табоҳии  зиндагии миллатро мехоҳанд.

Ҳадафи хоинони миллат, душманони мисли наҳзатиёну 24-ҳо  бараъло маълум аст ва ҳамагон низ хуб пай бурданд, ки мақсад  аз фирор ва таъсис намудани сомонаҳои низоъбарангезу иғвобарангези  мисли “Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, Рисолат.тҷ.”  дар чист? Яъне, эҷоди дурӯғ,  нашри тӯҳматнома, бӯҳтон, расонидани хабари дурӯғ  ва аз ин роҳ ба гумроҳи бурдани ҷомеа мебошад.

Аммо, наҳзатиён ва дигар пайравонашон бояд донанд, ки он роҳи онон мераванд, охираш торикист ва ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро нангу номус ва ғурури тоҷик намегузорад, ки пашшае аз табоҳии ақл худро фил муаррифӣ кунаду шайтонсифатӣ намояд! Аз ин рӯ,  наҳзатиён ва дигар ҳаммаслаконашонро зарур аст, ки сухани шоири ин миллат устод Лоиқро фаромӯш насозанд, ки  ишора бар ҳамин шағолсифатон ва бехабарон аз ғуруру шуҷоати миллати тоҷик намуда, гуфтааст:

Гардани гардуни гардон бишканем,

Пеш аз он, ки гардани мо бишканад!

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ