17 майи соли 2026 дар шаҳри Бӯстон, дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май ҳамчун Рӯзи Дави миллӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад, Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, варзишгарон, ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.
Дар чорабинии оммавии Дави миллӣ зиёда аз 3200 нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла беш аз 1100 нафар бонувон фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур дар фазои баланди ватандӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, бори дигар аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ шаҳодат дод.





