НАҲЗАТИЁН БОЗ ҲАМ ХОИН БУДАНИ ХУДРО ИСБОТ КАРДАНД

Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло бинобар пайдо шудани маризии КОВИД-19 хеле тағйир ёфтааст ва ҷомеаи башарӣ имрӯз дар мубориза бо ин пандемияи ҳамагир қарор дорад.  Мардум дар ҳолати тарсу ваҳм қарор доранд, аз ҷониби дигар бошад фавт ва пайдо нашудани роҳи дармони ин маризӣ кулли инсониятро хавотир намудааст. Ин маризии ваҳмангез  ба кишвари мо низ расид, ки ҷомеа ҳоло бо ин вабо дар мубориза аст. Табибон талош меварзанд, то ҷони ҳар як сироятёфтаро наҷот диҳанд, масъулон шабу рӯз дар фикри наҷоти миллат мебошанд.

Аммо дар ин росто, душманони миллат, наҳзатиёни палид ба ҷойи бо миллат ғамшарик будан, дар хориҷ аз кишвар истода, табли шодӣ мезананд, мехоҳанд аз ҳамин ҳолати вазнин сӯистифода кунанду мақсадҳои нопоки худро амали созанд.

Наҳзатиён талош менамоянд, ки бо истифода аз фурсат мардумро гумроҳ созанд ва кишварро ноором кунанд. Ҳарчанд ҳамагон хуб медонанд, ки наҳзатиёни манфур солҳои 90-уми асри гузашта кишварро ноором сохта, зиёда аз 160 000 шаҳрванди ҷумҳуриро қурбон сохтанд, ки ин бисёр ҳам талафоти вазнин мебошад. Ҳамчунин зарари иқтисодиву иҷтимоие, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамон наҳзатиён ва имрӯз ҳоло аъзоёни ТТЭ ПМТ бар кишвар ва миллат расониданд, садсолаҳо зарур аст, то он барқарор шавад.

Ҳамакнун ин наҳзатиён мехоҳанд боз ҳамин хиёнати худро дубора такрор намоянд, то миллат дар арсаи байналмилалӣ шарманда шавад. Зеро инро душманони миллати тоҷик мехоҳанд ва ин душманони миллат ҳамон хоҷаҳои хориҷиянд, ки ҳоло наҳзатиёни палидро сармоягузорӣ мекунанд.

Вазъияте, ки кунун ба вуҷуд омадааст, бисёр ҳам нигаронунда ва бисёр ҳам ташвишовар аст. Аммо дар ҳамин лаҳзаи душвор хоинони бадкеши наҳзатӣ милларо ба нооромӣ даъват кардаистодаанд, ки ин хиёнати рӯирост мебошад.

Ин даъвати носипосон ва миллатбадбинони наҳзатиро метавон дар ин лаҳзаҳои ҳассос як навъ душмании рӯирост бар башарият номид. Агар наҳзатиён инсон бошанд, агар наҳзатиён одам бошанд, агар наҳзатиён воқеан ҳам мусалмон бошанд, наход дар ҳамин лаҳзаи душвор ва вазнини миллат, ба ҷой дар бари миллат будан, ҷомеаро ба нооромӣ даъват кунанд?

Ин ҷо маълум мешавад, ки наҳзатиён воқеан ҳам душмани миллати тоҷик мебошанд ва ягон зарра некиву ободии ин миллатро намехоҳанд.

Аз ин рӯ, бар миллат гуфтанӣ ҳастем, ки наҳзатиён дар ҳақиқат ҳам шағолсифатони ҳанноти дурӯя ҳастанд ва аз онҳо бояд дур шуд ва бар ҳарзаҳояшон, ки имрӯзҳо дар расонаҳои ифротияшон ба табъ мерасад, хати сиёҳ кашид.

Абдусаломов М.

устоди донишкада