Имрӯз, яке аз омӯзгорони фаъолу донишманд, ташаббускору кордон, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бонуи поксимову покзамир, покнияту поктинат, зани ҳалиму хоксор, зебову вологавҳар, олими сермаҳсулу масъулиятшинос, модари меҳрубону меҳандӯст, роҳбари ҷавону садоқатманд, иқтисодшиноси варзида, дотсент, декани факултети металлургия муаллимаи арҷманд Раҳимзода Шукринисо зодрӯз доранд, ки он касро табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву саодатмандӣ, тансиҳативу хотирҷамъӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ, пирӯзиву комгорӣ таманно менамоем.
Раҳимзода Шукринисо ҳамчун омӯзгори фаъол ва ҳамчун олими варзидаи соҳаи иқтисод дар таълиму тарбияи насли ҷавон, таҳияи рисолаву дастурҳои таълимӣ ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа нақши арзишманд дорад.
Мавсуф, муаллифи як қатор асарҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ, мақолаҳои зиёди илмӣ – оммавӣ буда, барои рушди илм дар кишвар саҳми бориз гузоштааст.
Дар ин рӯзи нек олими сарсупурда, бонуи хирад, зани зебову хирадманд муаллимаи азизу арҷманд Раҳимзода Шукринисоро табрику таҳният гуфта, барояшон дар фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ ва амали гардидани орзуҳои некашон комгорӣ таманно менамоем!
Ба муаллимаи азизу гиромӣ Раҳимзода Шукринисо аз забони Ҳофизи бузург гуфтанием:
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеҷ ориза шахси ту дардманд мабод!
Ҷамоли сурату маънӣ зи амни сиҳҳати туст,
Ки зоҳират дижаму ботинат нажанд мабод!
Дар ин чаман чу дарояд хазон ба яғмоӣ,
Раҳаш ба сарви сиҳиқомати баланд мабод!
Дар он бисот, ки ҳусни ту ҷилва оғозад,
Маҷоли таънаи бадбину бадписанд мабод!
Ҳар он, ки рўи чу моҳат ба чашми бад бинад,
Бар оташи ту ба ҷуз ҷони ў сипанд мабод!
Зодрӯз хуҷаста бод муаллимаи азиз Раҳимзода Шукринисо!
