ДАСТАИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ҲХДТ ҒОЛИБИЯТ БА ДАСТ ОВАРД

Дар ҷараёни даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ дастаи Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.
Дар бозии ҳалкунанда дастаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дастаи Ҷамоати шаҳраки Палос миёни ҳам рақобати ҷолибу пуршиддат нишон доданд.
Бозӣ дар фазои рақобати солим ва руҳияи баланди варзишӣ баргузор гардида, дар натиҷа дастаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тавонист ғолибият ба даст орад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон минбаъд шаҳри Бӯстонро дар даври вилоятии мусобиқа намояндагӣ менамояд.