МАҲМАДИҒВОИ САРГИН АЗ НОМИ МАРДУМ ҲАРЗАГӮӢ МЕКУНАД

Мардуми водии Зарафшон ҳамеша бо нангу ор буданд ва ҳамеша мардона рафтор менамоянд, ки на ҳар мардумро ин хислат боҳам аст. Зеро мардумони Зарафшон бо қалби равшанзамирии худ ҳамеша ҳақиқатро мегӯянду бо мард мардона ҷавоб мегӯянд.  Мардуми бошарафи Зарафшон ҳамеша талош намудаанд, ки аз ҳақиқат ҷонибдорӣ кунанд ва ҳақиқатро дарёбанд. Ин аст, ки ҳамаи мардуми равшанзамири ноҳияҳои Зарафшон аз наҷотбахши миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамоянд. Зеро ин фарзонафарзанди миллат ватанамонро аз вартаи нобудӣ наҷот дод ва бар миллати бахтбаргашта саодат овард, ки ҳаргиз миллати тоҷик ин некиву шуҷоату хизмати ин фарзонафарзандашро фаромӯш намесозад. Пас чӣ гуна аз ин марди шариф ва бузург ҷонибдорӣ накунем?

Пас чӣ гуна ин фарзонафарзанди миллатро саодатовари миллат нахонем?

Албатта, тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аз ин марди бузург ҷонибдорӣ менамоянд, зеро дар рӯзҳои сангинтарин дар сари миллат мисли соябон ҳомиву наҷотбахш гардиданд ва миллатро аз хасми душманони наҳзатӣ наҷот доданд, ки ин амал таҷрибаи нодири таърихӣ маҳсуб меёбад.

Ҳоло, ки Маҳмадиғвои Саргин аз номи мардуми Масчо як баёнияи билкул душманонаву аблаҳонаро нашр кардааст, бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад. Зеро ин амал бештар мардуми баномуси Масчоро нигарон сохтааст, зеро ин мардум ҳамеша аз сиёсати хирадмандони Роҳбари давлат пуштибонӣ менамоянд ва Ваҳдати миллиро омили аслии шукуфоиву саодати миллат меҳисобанд.

Пас чаро бояд ин мардумро ду палиди наҳзатӣ бадном кунанд?

Барои равшани андохтан ба ин масъала ҳамин қадар фаҳмидан мумкин аст, ки наҳзатиёни бадкеш ва ҳаромзодаву харшиа, ҳамеша дар пайи низоъ андохтан, ҷори намудани кинаву адоват миёни мардум мебошанд. Ба ҳамин далел ҳолати наҳзатиёни чапаргӯш имрӯз бисёр ҳам бӯҳронист ва онҳо дигар илоҷ надоранд, то фармони хоҷагони хориҷияшонро иҷро накунанд. Ва аз ҳамин хотир ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирии палид  ба эҷоди афсонаҳои беасос ва нашри туҳматномаҳо машғуланд, то хоҷагони хориҷияшон аз онҳо розӣ бошаду маблағи бештар пардозад.

Дар асл бошад ин гуна хитоба вуҷуд надорад ва дар кишвар ягон нафар аз ин наҳзатиёни малъун пайравӣ намекунад ва инро ҳама медонад. Аз ин лиҳоз ҳаромзодаҳои наҳзатӣ талош мекунанд, ки вонамуд созанд, ки онҳоро мардум мешунавад, лек дар ҳақиқат бошад касе ба ҳарфи ин сагони фирорӣ ва гурусна таваҷҷуҳ намекунад ва кӣ будани ин душманони миллатро мардум хеле барвақт шинохтааст.

Ҳоло мо ба ҷуз лаънат хондан ба наҳзатиёни чапаргӯш ва харшиа дигар чизе гуфта ҳам наметавонем, зеро сухан ба саги девона ва аблаҳи сари роҳ беҳуда аст гуфтаанд мардуми хирадманд. Ин наҳзатиёни авбош ва террорист ҳам ҳамон бекорхӯҷаҳои лаъантӣ ҳастанд, ки рӯсиёҳии худро имрӯз мехоҳанд ба сари мардуми дигар бор кунанд.

М. Абдусаломов

устоди донишкада