ХУРОФОТ ВА КОРОНАВИРУС

Агар сухан сари масоили тақдир ва қазову қадар, насибу пешонӣ бошад, эътироф бояд кард, ки ҳамин Коронавирус низ як қазову қадар, як насибу пешонӣ ва як сабабе мебошад, ки ба хости Худованд дар рӯи Замин паҳн гашта, бемориву марг ато мекунад. Пас бояд ба он бепарво буд? Ҳамин оташ сӯзанда аст, пас ба тақдир такя кард ва ба он бояд ворид шуд? Ҳамин заҳр кушандаву қаттол аст, пас бояд аз он бо такя аз насиб, тановул кард? Ҳамин шере, море, гурге, каждуме хатарноканд, пас бо такя аз дасти аҷал аз онҳо нагурехт?

Ҳамин дарахту девору санге, ки дар ҳоли афтидананд, пас бо дидании пешонӣ зераш бояд нишаст?

Чун касе намедонад ҷисмаш чӣ меҳнатеро метавонад боркашӣ кунад, бояд худро ба дарё, ба сармо ва ба гармо занад?

Не ва боз ҳам не!

Ашхоси хурофотӣ ба зеҳни худ бояд якчиро сабт кунанд, ки дар мавриди Коронавирус марги онҳо марг ва нанги як шахс набуда, хатари бештаре ба ҷамъият дорад. Фикри худро ки намекунанд бояд фикри дигаронро кунанд.

Ҳар ифротие кӣ аз беэҳтиётӣ ба сари ҷамъият- хоса ба аҳли оилаи худ масъият меорад, бояд бидонад, ки ба монанди шахсе аст, ки азизони худро зинда ба зинда куштааст, хонаҳои онҳоро оташ задааст, пушти дӯстон ва наздикон ханҷар задааст, кӯдакон ятим кардааст, модарону падарон мотамзада кардааст…

…инсон нест…

Ба тавсияи духтурон кор гиред, ба ифротиён гӯш наандозед ва аз онҳо фосила гиред!

қисми 2

Насриддинов З.З

устоди донишкада