Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Иқтисодиёти рақамӣ- асоси ташаккули рушди саноатикунонии босуръати кишвар” баргузор гардид

Санаи 29.04.2023с. дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони ” Иқтисодиёти рақамӣ- асоси ташаккули рушди саноатикунонии босуръати кишвар” бо ширкати омӯзгорону кормандон ва меҳмонон баргузор гардид.

Чорабиниро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, дар бораи муҳимияти иқтисодиёти рақамӣ сухан ронда, перомуни нашри маҷмӯаи мақолаҳои конфронси имрӯза маълумот дод.
Сипас, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доктори илмҳои иқтисодӣ Қодиров Абдураҳмон Лакимович, профессор Абдураҳимов Абдуғаффор ва Ҳоҷибоева Муҳайё баромад намуда, доир ба муаммоҳои мавҷуда, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт ва истифодаи самараноки ин раванд дар саноат мулоҳизаронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти саноатӣ баргузор карда шуд ва роҳбарияти Донишкада баои гузаронидани конфронс дар сатҳи баланд ба масъулин изҳори миннатдорӣ баён намуд.