Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо бошандагони хобгоҳи №3-и донишкада бурда шуд

Дирӯз, кормандони сохтори тарбия  Ҷалолов Айёмиддин ва сардори шуъбаи ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз ҷиҳати иҷроиши дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хобгоҳи №3 бо донишҷӯёни муқими хобгоҳ мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ба донишҷӯён моҳияти хатарҳои ҷаҳони муосир, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда ва риояи тартибот дар донишкада таъкид карда шуд ва ҳамзамон дастур дода шуд, ки донишҷӯён ҳатман аз китобҳои бадеии хондаи худ ҳисобот диҳанд ва дар маҳфилҳои илмии соҳавии кафедраҳо ширкат намоянд.