Маҳфили “Иқтисодчии муосир” баргузор гардид

Имрӯз, бахшида ба эълон гардидани  солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар ҷумҳурӣ,  дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ маҳфили донишҷӯён таҳти унвони “Иқтисодчии муосир” дар мавзӯи “Аҳамияти истеҳсолоти каммасраф дар шароити муосир” баргузор гардид.

Доир ба мавзӯи мазкур Файзиев Бахтиёр донишҷӯи 2-и ихтисоси иқтисодиёт ва истеҳсолот баромад намуда, роҷеъ ба бартарияти истеҳсолоти каммасраф чанд фарзияи таҳқиқшударо  аз олимон пешниҳод намуд. Сипас, суолу ҷавоб байни аъзоёни маҳфил баргузор гардид, ки донишҳои ҳозирин роҷеъ ба мавзӯъ боз ҳам комилтар шуд.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯи мазкурро омӯзгори варзида Назарматов Авазбек омода намудааст ва маҳфили мазкурро бошад, Раҳматов А.А. роҳбарӣ менамояд.

Шуъбаи иттилоот