“Паём-роҳнамои ҷавонон”- таҳти ин унвон хониши сиёсӣ дар донишкада баргузор гардид

Дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бо донишҷӯёни факултетҳои металлургия ва иқтисодиёти саноатӣ баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур муовини раиси Филиали иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Ш.А. иштирок ва суханронӣ намуданд.