Адабиётҳои мухталиф ба Донишкадаи Конфутсий оварда шуд.

Адабиёти зарурӣ ва муосир барои донишҷӯён ва донишомӯзон ҳамеша муҳим аст ва дар ин самт тамоми муассисаҳои таълимӣ кӯшиш менамоянд, то донишандӯзони худро бо адабиёти муҳим таъмин намоянд. Ҳамин аст, ки Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ бо шарикон ҳамкориҳо ба роҳ мондааст, то омӯзандагони ин боргоҳи таълимӣ аз адабиёти лозим ва ҷавобгӯй ба замони муосир баҳраманд бошанд.
Санаи 19.05.2021с. ба Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби маркази омӯзиши забони чинӣ воқеъ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ба маблағи 11000 доллари амрикоӣ 50 намуд китобҳои гуногун барои омӯзиши забони чинӣ ва фарҳанги он дар сатҳҳои мухталиф ҳадя гардид, ки ин албатта барои омӯзиши забони чинӣ ва барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ кӯмак хоҳад намуд, мегӯяд директори ҷониби тоҷикистонии донишкада Валиева Мастура.