Таърих худ гувоҳ аст!

Аҷдоди тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагӣ карда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд . Дар замонҳои қадим тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ — аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Асари “Тоҷикон” баъд аз китоби муқаддаси “Авасто” дуюмин китобест, ки оид ба ватани мардуми ориёитабор маъумоти саҳеҳ медиҳад.Исботи ин гуфтаҳо дар китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров оварда шудааст.

Халқи тоҷик аз қадим бофарҳангу маданият ва тамадунсоз буд ва хоҳад монд Дар замони давлатдории худ тоҷикон бо одилӣ ва оқилӣ  дар таърих маълум ва машҳур гардидааст.

Миллати тоҷик ҳамеша сулҳу дӯстӣ ва оромиро хоҳон аст,ки ин марому мақсади ҳар як шаҳрванд аст. Бо баробари нисбати дӯстӣ ва ҳамсояги бо давлати ҳамсарҳад ҳамеша сулҳу суботро пеша дорад.

Қирғизҳо набояд дар масъалаи ҳамсоядорӣ ва дӯстии бо тоҷикон бударо вайрон созанд , фарҳанги ҳамсоядориро барои ояндаи неки халқу миллати худ бояд нигоҳ дошт.Баъзе гуфторҳои беасос ,ки аз ҷониби профессори қирғиз Қиёс Муллоқосимовичро оиди гуфторҳои беасосаш маҳкум мекунем, зеро он ҳудуде, ки ба Тоҷикистон дахл дорад марзи қирғиз нест!

Бо дасисаҳои худ Қиёс Муллоқосимович мардумро ба иғво наандозед, зеро, ки иғвогарӣ ба бадбинии ду халқ оварда мерасонад.  

Мирзоахмедов М.

сардори шуъбаи тарбия