Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фаъолияти илмӣ- инноватсионии насли истиқлол” дар донишкада баргузор гардид.

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фаъолияти илмӣ-инноватсионии насли истиқлол” баргузор гардид. Чорабиниро нахуст ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи фаъолияти ҷавонон ва саҳми онон дар рушди илм сухан ронданд. Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз доштанд, ки имрӯз барои ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва ҷавонон бояд барои рушди илми миллӣ саҳми намоёни худро гузоранд. Насли истиқлол имрӯз дар шароити хеле хуб зиндагӣ ва кору фаъолият доранд, ки ин боиси ифтихори мост ва ҷавонон- ояндасозони миллат, бояд, ки бо дастовардҳои беназири хеш дар рушди илму инноватсия ҷомеаро ба сӯйи рушди бемайлон бибаранд.

Сипас, аспирантон ва докторони ҷавони донишкада бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои хеш баромад намуданд. Конференсияи имрӯза, ки иборат аз ду бахш буд, дар сатҳи хеле баланд гузашт.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур бо ташаббуси шуъбаи аспирантура ва магистратура баргузор гардид.