ИМРӮЗ – РӮЗИ ГЕОЛОГҲО. Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” ин соҳаро яке аз заминаҳои асосии саноатикунонии босуръати кишвар номид

ДУШАНБЕ, 09.12.2021. /АМИТ “Ховар”/. 93 дарсади масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин ба рушди соҳаҳои кӯҳкорию металлургия мусоидат менамояд.    

Кӯҳкорӣ аз соҳаҳое мебошад, ки бо ҷуғрофиёи мавҷуда ва мутобиқ аксар ҷавононро водор месозад, то дар роҳи омӯзиши он гом бардоранд.

Дар ҳошияи Рӯзи геологҳои тоҷик, ки ҳамасола 9 декабр таҷлил карда мешавад, андешаҳои ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ пешкаши хонандагон  мегардад.

 -Таърихи миллати тоҷик бароямон маълумоти зиёдеро бозгӯ менамояд, ки баъзан аз варақгардон намудани он инсон дар тааҷҷуб меафтад ва гоҳе ҳам хушҳол мешавад. Рушди илмҳои гуногуни соҳа, пешрафти ин ё он соҳа, пажӯҳиши олимон ё худ аҷдодони мо дар ин ё он самт  моро аз пешрафтатарин миллатҳои ҷаҳон нишон медиҳад ва ҳама он асноди таърихӣ далел мешаванд, ки барои ҳамеша аз бузургиву тоҷикият бигӯем ва бо он ифтихор намоем. Заминро аввалин маротиба киҳо омӯхтанд ва ба хурофоту пешгӯиҳои адёнӣ киҳо бо овардани далоили илмӣ нукта гузоштанд? Албатта, фарзандони барӯманди тоҷик, олимон, бузургони гузаштаи мо, ки имрӯз ҷаҳониён аз он мефахранд ва фаровон барои идомаи пажӯҳишҳои илмӣ истифода менамоянд…

Хушбахтона, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва ғамхориву талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аксарияти соҳаҳо рушду тараққӣ намуда истодаанд, ки инро метавон як навъ давраи расидан ба ормонҳои дерин номид.

Соҳаи геология низ аз зумраи чунин илмҳост, ки кунун барои расидан ба истиқлолияти комили иқтисодӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Роҷеъ ба рушди геология ва манфиати он барои ҷомеа Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо сухан рондаанд ва ҳатто дар Паёми имсолаи хеш низ роҷеъ ба ин нукта чунин гуфта буданд: “Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудаанд, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад.

Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодаанд, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, зарур аст, ки Саридораи геология корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшад.

Ҷиҳати рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард ба Саридораи геология якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода мешавад, ки дар асоси таҳлили захираҳо ва дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд”.

Геология дар замонҳои қадим низ дар сарзамини тоҷикон шуҳрат дошт ва олимони бузурги мо роҷеъ ба ин соҳа асарҳои зиёде офаридаанд, аммо суоле ин ҷо матраҳ мешавад, ки оё насли ҷавони кишвар аз ин маълумот огоҳ аст?

Оё насли ҷавон медонад, ки гузаштагони мо аз замонҳои қадим ба иктишоф, ҷустуҷӯ ва гудозиши маъдан ва истихроҷ машғул буданд?

Воқеан ҳам адабиёти зиёде мавҷуданд, ки ҳамчун илм ва тахассус мавҷуд будани геология ва геологро дар сарзамини мо исбот менамоянд ва ин танҳо бо шуҳрати пайдоиши даврони шӯравӣ хулоса намешавад, яъне қабл аз шӯравиҳо низ соҳаи мазкур ва илми он мавриди омӯзиш ва корбарии гузаштагони мо қарор дошт.

Дар натиҷаи таҳқиқоти навтарини археологӣ ва геологӣ авзои ҳақиқии кӯҳкории асрҳои IХ-Х қариб пурра омӯхта шудааст. Маъданшиносону кӯҳкорони тоҷик соҳиби таҷрибаи бойи чандинасра буданд. Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳон Берунӣ донишмандони маъруф ва асосгузорони илми минералогия буданд. Онҳо хосияти минералҳоро омӯхта, сахтӣ, зичӣ, таркиб ва минералҳои ҳамроҳи онҳоро шарҳ додаанд. Дар хусуси конҳо ва минералҳои он, тасниф ва гурӯҳбандии онҳо асарҳо нашр карда буданд, ки бо омӯхтани онҳо аҷдодони мо дар шароити вазнини пешин конҳои минералҳоеро кафш кардаанд, ки имрӯз геологҳо ба онҳо баҳои банд дода, дар пайдо ва коркарди онҳо ангушти ҳайрат мегазанд. Гузаштагони мо якчанд минералҳоро ба таври худ ёфта, номгузорӣ кардаанд, ки «заргун» яке аз онҳост – он ҳоло бо номи «сиркон» машҳур аст, ки асоситарин минерал барои муайянкунии синну соли геологӣ ба ҳисоб меравад.

Шоирон низ дар навбати худ бетараф набуданд, онҳо ба таври худ дар ин раванд саҳм мегузоштанд. Дар шеърҳои шоирони мо дар васфи сангҳои киматбаҳо аз қабили ақиқ, лаъли Бадахшон, ёқут, марворид, фирӯза, лоҷувард ва ғайра байтҳои зиёде гуфта шудаанд, ки ба таври дигар гӯем, он тарғиби олиҷаноб ва ҳуҷҷати таърихӣ ба ҳисоб меравад. Мисол, Литвинов менависад, ки тоҷикон сангҳои сунъӣ – синтетикӣ сохтанро хеле барвақт ёд гирифта буданд, дар ҳоле, ки ин ҳунар фақат дар асри ХIХ аз тарафи олимони Аврупо кашф ва истифода шудааст.

Барои насли ҷавони тоҷик имрӯз фақат зарур аст, ки бо андӯхтани илмҳои замони худ ва истифода аз таҷрибаву иттилоотӣ геологӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар саҳм гузорад. Имрӯз пешаи геология яке аз серхаридортарин буда, маоши геологҳо дар бозори ҷаҳонии меҳнат хеле баланд арзёбӣ мегардад.  Чунки маҳз геологҳо дар шароити гуногун  фаъолият намуда, на ба сардӣ нигоҳ мекунанду на ба гармӣ, фақат барои пешрафт ва натиҷаи мусбат гирифтан амал менамоянд. Геологҳо ояндаи замин, авзои қишрҳоро пешгӯӣ карда, барои садсолаҳо барномарезӣ мекунанд, ки ин ба мавҷудияти башарият ва барномасозии он мусоидат менамояд. Кашф намудани конҳо, канданиҳои фоиданок, маъданҳо, сангҳои қиматбаҳо, обҳои зеризаминӣ ва умумияти зиёде, ки ба заминшиносӣ ва замин марбутанд, натиҷаи кори геологҳо мебошад, ки ин хидмати геологҳоро мо фаромӯш намесозем.

Дар баробари олимон ва пажӯҳишгарони ҷаҳонӣ олимони тоҷик низ хеле фаъолияти назаррас доранд. Аз ҷумла, геологони маъруф  С.М. Юсупова, Р.Б. Баротов, М.Р. Ҷалилов, А.Р. Файзиев, Г.Х. Салибаев, С.М. Бобохоҷаев, Ф.Х. Ҳакимов, Х.М. Юсупов, М.Х. Хамидов, А.М. Бабаев, М.Б. Акрамов, В.Д. Дусматов, А.Р. Қориев, Х.С. Тоҷиддинов, Г.Ш. Очилов, Ғ.Т. Тоҷибоев, С.Н. Алиев, М.З. Пулатова, Х.Н. Назаров барои пешрафти соҳа саҳми беназир гузоштаанд.

Ҳамзамон олимони ҷаҳон минералҳои “Баратовид”ва “Файзовид”-ро ҳамчун шоҳкори пажӯҳишҳои геолог-менералогҳои тоҷик мешиносанд, ки ин низ мояи ифтихор ва идомаи фаъолияти пурсамари аҷдодони гузоштаи мо дар ин самт мебошад.

Имрӯз ҷаҳониён аз маълумоти геологҳо фаровон истифода менамоянд ва ин барои пешрафти саноат мусоидат менамояд. Дар ин замина мо низ бояд пайваста ба омода намудани геологҳои муваффақ ва меҳандӯст талош намоем, то онҳо мисли гузаштагони хеш тавонанд ҳамчун нобиғаҳои олами маърифат аз худ ёдгоре боқӣ гузоранд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи геология талош менамояд. Он аз рӯзҳои нахустини таъсис мутахассисони болаёқат омода намуда, барои фаъолият ба истеҳсолот равона намудааст.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ “Ховар”