Рӯзи кории профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо табрикоти Рӯзи касбии геологҳо дар утоқи муовини аввал профессор Насриддинов Замониддин оғоз шуд

Барои тамоми кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имрӯз фаромӯшношуданист. Чунки дар ин рӯз онҳо Рӯзи касбии геологҳоро таҷлил менамоянд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ қабл аз ворид шудан ба утоқи кории хеш ба ҳуқраи кории муовини аввали ректор геолог ва саншиноси варзида, профессор Насриддинов Замониддин ворид шуда, ӯ ва мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ профессор Олимов Абдумаликро ба Рӯзи касбии геологҳо табрику таҳният гуфта ба онҳо муваффақияту комгорӣ ва пирӯзиву сарбаланди таманно намуд.

Дар суҳбати кӯтоҳ бо геологҳои собиқадор ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз муваффақиятҳо ва нақшаҳои ояндаи раёсати донишкада ёдовар шуда, рушди геологияро дар шароити кунунӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Шуъбаи иттилоот