Мулоқоти садорати факултети электромеханика бо волидайни донишҷӯён

Дирӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада вохӯриву мулоқот бо волидайни донишҷӯёни бахши якуми факултети электромеханика баргузор гардид.
Дар чорабинӣ нахуст декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолидин суханронӣ намуда, дар бораи маҳорати донишҷӯён, донишу малака, одобу ахлоқ ва тарбияи донишҷӯён, имкониятҳои ихтисосҳои факултет суханронӣ намуда, ҳамкории волидайнро бо омӯзгорон дар тарбия намудани фарзандон муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон дар бораи саривақт супоридани маблағи шартнома низ таъкид намуд.
Сипас, дар бораи самтҳои тарбиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳими вобаста ба он муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, сармутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Садриддинов Аслиддин суханронӣ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур чанде аз волидайни донишҷӯён низ суханронӣ намуда аз шароити донишкада ва ояндаи фарзандон пурсон шуданд.
Дар интиҳо ба волидайни як қатор донишҷӯён сиписномаву ифтихорномаҳои раёсати донишкада тақдим карда шуд.