Изҳороти шӯрои занони ДКМТ

Суханҳои бардурӯғи хоини миллат аз номи занҳои ДКМТ асос надорад. Дар донишкада занҳои собиқадор, барӯманд солҳои тӯлонӣ фаъолият менамоянд, ки ба иззати нафси эшон мерасанд.

         Донишкада даргоҳи илму маърифат буда, суханҳои зикргардида нисбати ректори донишкада асос надорад.

         Ғамхории ректори донишкада асосан таваҷҷӯҳ ба донишҷӯёне. ки дар хобгоҳ зиндагонӣ мекунанд.Ба онҳо шароити хуби зист, беҳдошти  ва ҷои хӯрокхуриро муҳайё нашуданд.

         Барои кормандону омӯзгорон марҳила ба марҳила шароити корӣ муҳайё намуда, истодаанд, аз қабили мизу курсиҳо, ҷевону рафҳои китобхонӣ ва ғайраҳо.

Бе асос номи занҳои донишкадаро бадном насозед. Дар симои занҳо модару хоҳар ва духтарони хешро бинед.

Лаънат ба чунин ашхосоне, ки пешравии ҷамъиятро намехоҳанд!

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 103 нафар занҳо ва духтарон кор ва фаъолият мебаранд.

Аз ин ҷумла, 13 нафар номзадҳои илм ва 1 нафар профессор ҳастанд.

Ректори донишкада Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ба нисбати занҳои донишкада ғамхориҳои худро дареғ надошта, мунтазам дастгири мекунад.

Дар рӯзҳои иду маъракаҳо ҳамеша занҳо дар ҷои аввал мебошанд.

8 – март дар иди бонувон ба ҳавас барои ҳар як зан матоҳи адрас тӯфа карда, дастархони идона орост. Хурсандии ҳар яки мо беканор буд. Дар ин маърака занҳое, ки дар нафақа буданд даъват намуда, бо тӯфаҳо мукофотонида шуд. Ҳар як зан барои ректори донишкада модар, хоҳар аст.  Ба ҳар як зан ба муносибати дустона сӯҳбат мекунад маслиҳатҳо медиҳад.

         Занҳои донишкада ин рафтори бадхоҳони миллатро маҳкум менамоем.